Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Суғд 14 ҳазор кӯдак берун аз кӯдакистонанд

Фарзандонамонро куҷо барем?

Феълан, дар вилояти Суғд 14 ҳазору 52 нафар кӯдакони синну соли томактабӣ  дар навбат истодаанд, то ба боғчаҳо ҷойгир шаванд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд 2332 нафар кӯдакон интизори боғчаравианд.  Дар ин бора Раёсати  маорифи  вилояти Суғд хабар медиҳад. 

Замира: То навбат мерасад, кӯдаконам мактабхон мешаванд…

Замира Юлдошева, феълан зани танҳост. Шавҳараш ӯро бо се фарзанд танҳо гузошта ба Русия рафт ва ҳоло ба онҳо кумак намекунад. Таъмин ва нигоҳубини оила ба дӯши Замира мондааст. Ин зан мегӯяд, ки наметавонад ду кӯдаки хурдашро ба боғча дода, дар ягон ҷо кор кунад: 

-Маълумотам миёнаи махсус аст ва шавҳарам беш аз 3 сол боз дар Русия қарор дораду ба мо кумак намекунад. Хостам кӯдаконамро ба боғча диҳам ва дар ягон ошхона кор карда, зиндагиро пеш барам, аммо дар боғчаҳо ҷавоби рад гирифтам. Дар аввал хеле ба ғазаб омадам, ки чаро кӯдакони одамони бой ҷой мешаванду ду ятими ман не? Мудири боғча (нахост рақами боғча ва номи мудир дарҷ шавад) бо оҳанги нарм фаҳмонд, ки дар қабул бой ва камбағал будан аҳамият надорад. Якум синну соли кӯдак, дуюм коргар будани волидонаш. Шумо, ки расман дар ягон ҷо кор намекунед, наметавонед бенавбат фарзандатонро ба боғча диҳед. Бинобар ин, интизор шавед.

Мисли Замира дар вилояти Суғд даҳҳо модар интизоранд, ки фарзандонашонро ба боғчаҳо диҳанд, вале аз интизорӣ кӯдаконашон мактабхон мешаванд.

Шарҳи мақомот

Ба иттилои Гулсара Тошматова, як масъули Раёсати маорифи вилояти Суғд назар ба соли  2018  шумораи муассисаҳои томактабӣ  дар соли 2019 дар вилоят 11 адад зиёд гардидааст.

“Умуман, дар давоми 3 соли  охир  34  адад  муассисаҳои  таҳсилоти  томактабӣ  сохта,  ба  истифода  дода  шуданд”,- мегӯяд номбурда.

Ба гуфти мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Гулсара  Тошматова, фарогирии  кўдакон дар миқёси вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 15 фоиз, бо маркази инкишофи кӯдак 20,4 фоизро ташкил медиҳад.

“Дар  муассисаҳои  таълимии   шаҳру  ноҳияҳои вилоят яке аз  роҳҳои алтернативии фарогирии кӯдакон  ба  низоми  таҳсилоти томактабӣ ин  марказҳои  инкишофи  кӯдак  мебошад, ки  айни  ҳол 436 — то таъсис дода шудааст, ки  16289  нафар кӯдакони  шашсоларо  ба таълиму тарбия фаро  гирифтааст”,-гуфт номбурда.

Аммо назарпурсию таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи боғчаҳо ҳанӯз ҳам хеле кам аст ва ин мушкил роҳи ҳалли худро намеёбад.

Мушкилоти боғчаҳо

Норасоии миқдори  кӯдакистонҳо  дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту  маҳалҳо,  норасоии  кадрҳои  баландихтисос,  паст  будани   сифати  хӯрока ва ба ин монанд мушкилот дар масъалаи кӯдакистонҳо сокинони вилояти Суғдро ба ташвиш овардааст.

Яке аз масъалаҳои баҳсбарангез, ки ҳамеша шикояти волидонро ба бор меорад, боғчапулӣ мебошад.

Бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон   “Дар  бораи   ба  маблағгузории меъёрӣ( сарикасӣ)  гузаронидани  муассисаҳои  давлатии  таълимии  томактабӣ”   аз  2 ноябри  соли  2015, №627  маблағгузории   сарикасӣ  зина  ба  зина  дар   муассисаҳои  таҳсилоти  томактабии  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  гузаронида  шудааст, аммо нофаҳмиҳо зиёданд. Дар кӯдакистонҳои давлатӣ нарх арзону дар боғчаҳои  хусусӣ гаронтар аст. Аммо бештари волидоне, ки шикоят аз нарх мекунанд, фарқи боғчаи хусусиву давлатиро намедонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мутобиқи  моддаҳои  16  ва 17-и  Қонуни  конститутсионии  ҶТ   “Дар  бораи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ва  моддаи  51-и  Қонуни ҶТ   “Дар  бораи  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ” аз  1 январи  соли  2016   андозаи   якмоҳаи  пардохти  маблағ  аз  падару  модар (шахсони  ивазкунанда)  барои  нигоҳубини  кӯдакон  дар  муассисаҳои  давлатии  таълимии  томактабӣ  нишондиҳандаҳо  барои  пардохт  дар  Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон,  Б.Ғафуров,  Ҷ.Расулов  ва  Спитамен 2 нишондиҳанда   барои  ҳисобҳо, яъне 116 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар  дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят — Исфара, Гулистон,  Панҷакент, Зафаробод, Деваштич 1-уним  нишондиҳанда барои  ҳисобҳо,  Айнӣ, Ашт,  Кӯҳистони Мастчоҳ,  Мастчоҳ, Шаҳристон, Истиқлол, Конибодом  1 нишондиҳанда, яъне 58 сомонӣ  пешбинӣ  шудааст.

Оё фарогирӣ дар як сол аз 15% ба 30% мерасад?

Дар  навбат истодани 14 ҳазору  52  нафар кӯдак дар вилояти Суғд шумораи кам нест. Мувофиқи омори Раёсати маорифи вилояти Суғд, 49 адад кӯдакистонҳо дар ин минтақа ғайримақсаднок истифода мешаванд, ки ин мушкили норасоии боғчаро дучанд мекунад. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд 19 адад кӯдакистонҳо ғайримақсаднок истифода мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин шаҳр 2332 нафар кӯдаки синни боғча дар навбат меистад. Дар ноҳияи Зафаробод 5 адад, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Гулистон ва Спитамен 4 ададӣ  кӯдакистонҳо ғайримақсаднок истифода мешаванд. Дар 7 шаҳру ноҳияи вилоят миқдори кӯдакистонҳои ғайримақсаднок истифодашаванда 1-3 ададӣ ва дар 6 шаҳру ноҳияи вилоят ин муаммо ҷой надорад. 

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 фоиз   расонидани сатҳи  фарогирии  кӯдакон ба зинаи таҳсилоти  томактабӣ супориши Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аст. Аммо дар давоми ҳамагӣ як сол масъулину маорифчиёни мо 15%-ро ба 30% мерасонида бошанд?

Фарзона Муродӣ,

ш. Хуҷанд

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.