Дар Суғд сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт дар Хатлону Бадахшон чӣ?

Бар асоси омори камбизоатӣ дар се вилояти Тоҷикистон сатҳи аз ҳама пасти камбизоатӣ дар вилояти Суғд мебошад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, , ки феълан бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, зикр намуд, ки соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Суғд 73 дарсадро ташкил медод.

Раисҷумҳур дар мулоқот бо фаъолони Хуҷанд таъкид намуд, ки дар соли 2020 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ба 15,4 фоиз расидааст. Ӯ чунин поинравиро дастоварди хеле назаррас арзёбӣ кардааст.

Бар асоси омори камбизоатие, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои ахираш ба се вилояти кишвар баён дошт, мизони аз ҳама баланди камбизоатӣ дар Хатлон боқӣ мондааст.

Сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон аз 91 фоизи соли 1999 ба 32,8 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Хатлон таъкид намуд, ки ин нишондод ҳанӯз қонеъкунанда набуда, дастур дод, ки барои боз ҳам паст кардани он тамоми имкониятҳо сафарбар шаванд.

Раисҷумҳур дар ВМКБ изҳор дошт, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст гардидааст.

Таъкид шуд, ки талошҳо барои поин бурдани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *