Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Собиқ прокурори ВМКБ даргузашт

Имомқул Наврузқулов, собиқ прокурори вилояти Бадахшон ва яке аз хонандагони доимии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз олам даргузашт.

Марҳум Имомқул Наврузқулов дар давоми фаъолияти кории худ ҳамеша одилӣ, адолат ва қонунмандиро пешаи худ менамуд ва ҳамин сифатҳои шарафманди ӯ боис шуданд, ки ду муҳлат  вазифаи прокурори вилояти Бадахшонро бар зимма гирад.

Имомқул Наврузқулов соли  1936 дар деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон таваллуд шуда, соли 1954 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, онро соли 1959 ба итмом расонидааст.

Аз соли 1959 то соли 1968 дар ноҳияи Ишкошим, дар  вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳия кор кардааст.

Аз соли 1963 дар мақоми сармуфаттиши прокуратураи вилоят ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1989 нахуст дар вазифаи муовини прокурори ВМКБ ва сипас ба мақоми прокурори ҳамин вилоят расид.

Дар ин мақом Наврузқулов 2 давраи (муҳлати) констутисонӣ ифои вазифа кардааст ва дар соли 1986 ба вазифаи сардори шуъбаи тафтишот таъин шудааст.

Соли 1994 дар вазифаи прокурори ноҳияи Шуғнон таъин гардидааст. Баъди ба нафақа баромадан мушовири ҳуқуқии ГЭС-и Помир-1 то соли 2016 иҷрои вазифа намудааст.

Дар давоми фаъолияти кории худ дар прокуратура бо унвони “Аълочии корманди прокуратураи СССР” ва “Корманди фахрии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Грамотаи фахрии собиқ Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ду медал сарфароз  гардид.

Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз марги Имомқул Наврузқулов, хонандаи доимии ин нашрия андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд. Ҷояш дар ҷанат ва руҳаш шод бод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.