Дар таркиши Истанбул тоҷикон зарар надидаанд(ВИДЕО)

Дар таркише, ки дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул ба вуқӯъ пайваст, ҳеч яке аз тоҷикон зарар надидаанд.


Дар ин хусус Сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва таҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков хабар дода, мегӯяд: «Иттилое, ки то ҳол расидааст, нишон медиҳад, дар миёни кушташудаҳо ва захмиёни ҳамлаҳои фурудгоҳи Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.» Аммо ӯ афзуд, намояндагони расмии Тоҷикистон дар Истанбул ин ҳодисаро пайгирӣ доранд ва дар сурати ба даст омадани иттилои тоза дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт».

Бояд гуфт, тоҷикон асосан аз тариқи фурудгоҳи Отатурки Туркия ба Амрикову Аврупо сафар мекунанд ва ин фурудгоҳ барои тоҷикон ҳамчун роҳи тарнзитӣ хизмат мекунад.

Гуфта мешавад дар натиҷаи ҳодисаи таркиш дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул 147 нафар захмӣ ва 36 нафар кушта шудааст. Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия ба расонаҳо  гуфтааст, ҳоли захмиён вазнин аст.

Бархе раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва корпусҳои дипломатӣ ин ҳодисаи террористиро маҳкум кардаанд. Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ин ҳодисаро маҳкум кардааст.

Видеои таркиш ин ҷост:

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *