Дар Тоҷикистон салом бо даст манъ шуд (видео)

Дар бархе ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт  акси манъи саломи дастакӣ дида мешавад, ки ин роҳи  дигари чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус арзёбӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ки бо дидани чунин аксҳо дар маконҳои ҷамъиятӣ аллакай сару садо дар мавриди манъи саломи дастакӣ дар Тоҷикистон пайдо шуда, қисме бо танзу ришханд ва қисме ҷиддиву андӯҳгин вокуниш нишон медиҳанд.

Чанде пештар профессори тоҷик Саидбек Сатторов дар мавриди коронавирус гуфта буд: “Эҳтимолияти воридшавии коронавирус ба Тоҷикистон ва хуруҷу паҳншавии он хеле кам аст…”. Ва дар баробари ин гуфтаҳо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии алоҳӣ ба сокинони кишвар ин аст, ки дастонро тез- тез бо собун ё маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ шӯянд, даҳон ва бинии худро ҳангоми сулфа ва атса задан бо рӯймолчаи яккарата ё қисми оринҷи даст пӯшонанд, рӯймолчаҳои истифодашударо ба қуттии партови сарпӯшдор партоянд, худро аз шахсоне, ки нишонаҳои шамолхӯрӣ ё зуком доранд, дур гиранд. Ва дар хотир доранд, ки ҳангоми таби баланд, сулфа ё душворшавии нафаскашӣ ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *