Дар Тоҷикистон тайи 2 рӯз 32 нафар коронавирус шуданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ду рузи охир 32 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коронавирус сироят ёфтаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки рӯзи 21 июн 17 нафар рӯзи 22 июн 15 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки пас аз пайдо шудани сару садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ билохира рӯзи 21 июн Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус иттилоъ дод.

Дар маҷмӯъ, аз 30 апрели соли 2020 то 22 июни соли 2021 дар кишвар 13 340 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *