Дар Тоҷикистон танҳо 241 собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо 241 собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд

Дар остонаи Рӯзи Ғалаба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳру навоҳии кишвар ба сар мебаранд, эълон кард.

Тибқи иттилои ин манбаъ, аз ҷумлаи 241 собиқадори ҷанг дар вилоятҳои Хатлон 86 нафар, Суғд 68 нафар, Бадахшон  2 нафар ва шаҳри Душанбе 38 нафар даврони пирӣ меронанд.

Дар моҳи ҷорӣ ду нафар собиқадори ҷанг-Ҳарим Нурови 94-сола  аз шаҳри Бохтар ва Тағай Мирзоеви 93-сола аз ноҳияи Фархор аз дунё чашм пӯшиданд.

“Ҷавонтарин” собиқадори ҷанг 93-сола ва бузургсолтарин собиқадор 100 аст.

Валӣ Сайёрабеков, муовини аввали Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон дар зарфи як соли ахир дар кишвар 104 собиқадори ҷанг вафот кардаанд.

Дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор марду зани Тоҷикистон ширкат карда ва 93 ҳаззор нафар ҳалок шуданд.

54 сокини Тоҷикистон барои корномаҳои бузурги ҷангӣ ба унвони олиии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *