Дар ҷустуҷӯйи Карон: Шаҳри шоҳон, ки Зардуштро мепарастиданд

Карон қадимтарин шаҳри ориёист, ки 2000 сол қабл аз мелод бунёд ёфтаву тақрибан таърихи 4 — ҳазорсола дорад. Дар ин ҷо маъбади оташ ва об ёфт шудааст. Канори маъбади об чанд толори бузург аст, ки баландиашон 5-6 метр мебошад.

Карон. Шаҳре, ки то порсол онро бофтаи хаёлоти академик Юсуфшоҳ Яъқубов мепиндоштанд. Бозёфте, ки то ҳол аҳли илм ба назари шубҳа ба он менигаранд. Ҳафриёте, ки Раҳим Масов зидди кофтуковаш буд, аммо нахусткашшофаш “бозёфти нодири асри XXI” мехонад…

Роҳ ба сӯйи Карон

Дар нишасти матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ хабар дод, ки зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳри Карон академик Юсуфшоҳ Яъқубов диж ва дафинаи шоҳ, ҳамчунин оташкадаи нодири зардуштиро пайдо кардааст.

Ҳамчунин, Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки ният дорад санаи 30 июл сафари Дарвоз карда, аз бозёфтҳои ҷадид дидан кунанд ва пешниҳод намуд, ки агар майл дорем, эшонро ҳамроҳӣ кунем.

Ҳамин тавр, мо дар ҳайати президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон акдемик Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, хабарнигори “Россия сегодня” Амир Исаев ва банда ба сафари Дарвоз баромадем.

Раҳораҳ аз Насрулло Убайдулло вазъи ҳафриёти Каронро ҷӯё шудам:

“Институти таърих айни замон ҷонибдори ҳафриёти Карон буда, ҳамаи имкониятҳоро ба он равона мекунем, ки ба ин бозёфт баҳои холисонаи илмӣ дода шавад. Феълан як экспедитсия бо роҳбарии Юсуфшоҳ Яъқубов дар ин минтақа фаъолият дорад ва қарор аст, ҳамин шабу рӯз профессор Павел Луре аз Карон дидан кунад. Мо кӯшиш мекунем, ки Карон низ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шавад, зеро ин бозёфти одӣ нест.” -гуфт номбурда.

…Ва ба ёдам Раҳим Масови худораҳматӣ омад, ки мегуфт:

“Карон шаҳр нест, дар он ҷо маъбади қадима ҳам вуҷуд надорад. Он як қалъа аст, қаровулхона. Қаровулхонаи вайрон.”

 Карон чӣ шаҳрест?

Шаҳркадаи Карон ба гуфти Юсуфшоҳ Яъқубов яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Ин шаҳр дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст.

Муаррихон мегӯянд, ки Карон қадимтарин шаҳри ориёист, ки 2000 сол қабл аз мелод бунёд ёфтаву тақрибан таърихи 4 — ҳазорсола дорад. Дар ин ҷо маъбади оташ ва об ёфт шудааст. Канори маъбади об чанд толори бузург аст, ки баландиашон 5-6 метр мебошад. Ҳамаи сохтмони ин шаҳр ба воситаи санг мебошад. Тахтасангҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳр қабл аз кашфи хишт бунёд ёфтааст. Миёни тахтасангҳо чӯби бурс-арчаи кӯҳӣ гузоштаанд. Толорҳои маъбад 24х48 метранд. Зинапояҳое, ки ба маъбади об мефароянд, ҳама баробаранд ва расо 2,5 метр мебошанд.

Болотар аз маъбадҳо майдони чавгонбозӣ бо масоҳати 48х300 метр ҷойгир аст. Дар ин майдон сабқати чавгонбозӣ ё худ поло баргузор мешуд, ки шоҳон дар мавзеи алоҳида менишастанду аҳли дарбор дар мавзеи поинтар ва авомуннос дар муқобили офтоб, дар доманаи кӯҳ бозиро тамошо мекарданд. 150-200 метр болотар аз майдони чавгон, хонаву қасру кӯшк ҷойгиранд, ки 2-3 ошёнаанд.

 Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Карон боздид кард.

Банда қаблан ду маротиба соли 2017 ва соли 2018 ба Карон омада, ду матлаб – “Карон: Шаҳри шоҳон ё қаровулхонаи вайрон?” ва “Карон – кашфи бузурги асри XXI” навишта будам, ки дар он муфассал дар мавриди маъбадҳо, расадхона ва майдони чавгон маълумот оварда шудааст (муфассал дар сомонаи tajikistantimes.com).

Навгонӣ барои банда бозёфти ҷадид маъбади зардуштӣ дар дижи шоҳ аст.

Искандаров: Яъқубов намехост Каронро ҷӯяд

Дижи шоҳ назар ба маъбадҳо дар баландӣ ҷой гирифтааст. Ба ин маҳал мошин намеравад ва моро лозим омад, ки қариб 400 метр баландии кӯҳро пиёда бароем. Мо душанбегиҳо зимни баромадан нафасгир мешудем, аммо Юсуфшоҳ Яъқубов чаққону чолок қадам мезаданд. Яке аз ёрдамчиҳояшон гуфт:

-Устод ҳар рӯз ду маротиба ин баландиро пиёда баромада мефароянд.

-Офарин ба ҷуръат ва иродаашон… Синнашон 80-ро убур карда бошад ҳам, талошу такопӯяшон қоил мекунад… – гуфтам ман.

— Эҳтиёт шуда бароед, ман, ки ҷавонам, нав 82 солек шудам, роҳамро меёбам… – аз баландӣ, бо ҳазл садо баланд карданд устод.

-Ин деҳаи мо, номаш Кеврон – деҳаи зебои паҳлуи дарёро аз баландӣ ба ман нишон доданд, устод Қосимшо Искандаров ва илова карданд, — Кеврон шакли вайроншудаи Карон аст.

Ва нақли ҷолибе карданд:

“Яъқубов дар ибтидо намехост, ки Каронро ҷустуҷӯ кунад, ман ӯро талқин кардам. Моро муаллими таърихамон солҳои мактабхонӣ ба Карон оварда, қалъаро нишон медод. Ҳамаи мо мардуми гирду атроф медонистем, ки дар ин маҳал қалъа ҳаст. Юсуфшоҳ тамоми умр дар водии Зарафшон ва Кӯлоб кор кард. Боре дар як нишаст ман ба Шералӣ Кабиров пешниҳод кардам, ки барои ҷустуҷӯи қалъа мусоидат кунад. Шералшо гуфт, ки лоиҳа навишта пешниҳод кунед. Ман чандин маротиба ба Яъқубов гуфтам, ки лоиҳаро нависад, аммо ӯ ҳавсала намекард. Билохира, соли 2007 маҷбуран ӯро ба Карон овардам. Ҳамин роҳи тӯлониро ҳар ду пиёда тай карда баромадем ва ӯ мӯътақид шуд, ки бояд ҳафриётро шурӯъ кунад. Ҳамин тавр, нахустин мақоларо ҳам дар бораи Карон ҳаммуаллифӣ навиштем ва Юсуфшоҳ лоиҳаро навишта, ба Фонди “Муаллими кӯҳистон” пешниҳод намуд ва бо маблағгузории Шералишо Кабиров ҳафриёти Карон оғоз шуд.”

-Расидем, ана ин дижи шоҳ, — иморати сангиро нишон дода, гуфтанд Юсуфшоҳ Яъқубов.

Ҳама нафас рост кардем…

Маъбади шоҳӣ

Дижи шоҳ аз роҳрав, ҳуҷраҳо ва назоратгоҳҳо иборат аст. Деворҳо аз тахтасангҳое, ки хеле моҳирона тарошида шудаанд, бунёд ёфта,  чӯби бурс ба сифати пайванд истифода шудааст.

“Санъати меъмории Карон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Технологияи тарошидани санг ва сохтани деворҳо хеле ҷолиб аст. Ягон девор каҷ нест, ҳамаи сангҳо баробар бурида шуда, моҳирона пайваст шудаанд. Дар ин ҷо мо намунаи мухталифи рангҳоро ҳам пайдо кардем. Яъне, ҳамаи ин деворҳо аз дохил рангубор ва оро дода шуда буданд”- шарҳ медод Юсуфшоҳ Яъқубов.

Ҳамчунин, эшон хабар доданд, ки аз хазинаи шоҳ чанд то тангаи замони Панҷакенти қадим пайдо шудааст.

“Бузургтарин кашфиёти мо ана ин ҳуҷра аст, маъбади шоҳӣ, — моро ба ҳуҷраи на он қадар калон роҳнамоӣ кард роҳбалад. Дар ин ҳуҷра дар танаи девор оташкадаи хурд, аммо хеле зебои гунбаздор намудор буд. Ин маъбад шояд ягона маъбади мукаммалбоқимонда бошад, зеро банда қариб ҳамаи ҳафриётҳоро дидаву чунин  оташкадаи комилро вонахӯрдаам.

Дар паҳлуи оташкада хуми сангии калоне ҳам пайдо шудааст.

“Ин хум барои ҳум ё хавма аст. Ҳум шарбати муқаддасест, ки зардуштиён қабл аз хоб менӯшиданд ва он ба тан неруву хотираро мустаҳкам мекард.”- мегӯяд Юсуфшоҳ Яъқубов.

Ҳамаи ҳайат аз ин бозёфт дар ҳайрат буданд.

-Ин ҷо гаҷкорист? – баъди аз маъбади шоҳӣ ба даҳлез баромадан, ба девор ишор карда пурсид президенти академияи улум.

-Бале, ин арка аст, ҳоло пурра накушодаем, то ки вайрон нашавад… – посух доданд Яъқубов.

“Дигар ягон шубҳа нест, ки Карон шаҳри қадимист. Чӯб ва дигар бозёфтҳоро боэҳтиёт ба пакети махсус гирифта, ба Душанбе интиқол диҳед, барои экспертизаи синнусолӣ ба Олмон мефиристем. Ҳуҷҷатҳоро ҳам барои ЮНЕСКО таҳия кунед. Ман бовар дорам, ки Карон аз назари ин созмон дур нахоҳад монд, фақат 8-10 сол бояд интизор шавем” – илова кард, Фарҳод Раҳимӣ.

Чеҳраҳои қаноатманди моро дида Юсуфшоҳ Яъқубов гуфтанд:

-Дидед, боз мегӯянд, ки Яъқубов шаҳрро бофтааст ва каме ба андеша фурӯ рафта хотиротеро нақл карданд:

-Ҳамлаҳоро ба сари ман ва Карон дида, як рӯз устод Мӯъмин Қаноат бадоҳатан гуфтанд:

Аз шаҳри Карон чӣ гӯям бар гӯши карон,

Аз синаи Хуршед ба ин бехабарон

Одил Нозир,

Душанбе – Дарвоз

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *