Дар Ваҳдат гусели наваскарон оғоз шуд (видео)

Имрӯз, 1 апрел бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар қисми ҳарбии 16772 маъракаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури раиси шаҳр, намояндагон аз Вазорати мудофиа ва наваскарону волидони онҳо баргузор гардид.

Дар маъракаи мазкур нахуст раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ сухан карда, даъватшудагонро ба хизмати ҳарбӣ шодбош гуфта, нақши ҷавононро дар ҳифзи марзу буми Ватан калидӣ арзёбӣ кард.

“Ҷавонон, умеди имрӯзу фардои дурахшони миллату давлат буда, онҳоро мебояд зиракиву ҳушёриро ҷиҳати муҳофизати кишвари азизи худ аз даст надиҳанд”,- афзуд Амирзода.

Видеои гузоришро ин ҷо бинед:

Сипас, сухан ба модаре бо номи Зебуннисо Ятимова дода шуд, ки фарзандашро ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ худаш овардааст. Ӯ гуфт: “Ҳамватанони азиз, ман ду писар дорам ва имрӯз худам якеашро барои адои қарзи фарзандии худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар овардам. Албатта, мо модарон ҷудои аз фарзандонамонро ҳеҷ гоҳ намехоҳем, вале дар сафи артиш хизмат кардани фарзандонамон барои онҳо ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Аз ин хотир моро мебояд аз ба хизмат рафтани фарзандонамон ғамгин нашуда, балки бояд хурсандиямон ҳадду канор надошта бошад”.

Дар охири чорабинӣ бори дигар волидон бо фарзандони худ дидорбинӣ карданд ва онҳро барои ду сол барои муҳофизи ин халқу Ватан шудан гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соле ду маротиба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ сурат мегирад ва дар шаҳру навоҳии кишвар рӯзи якуми апрел чорабиниҳои махсус бо даъватшавандагону волидони онҳо баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *