Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар як ҳафта телфонҳои 2 занро ғорат карданд

Ба мақомоти милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Бохтар муроҷиат намудааст, ки санаи 28.07.с.2016, тахминан  соати  22:30-дақиқа, шахсони номаълум дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо роҳи зўроварӣ аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”, ки арзишаш 500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони ғоратгарӣ ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ва сокини 21-солаи шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд.

 

Ҳамчунин, зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе оиди ҳодисаи ғоратгарӣ муроҷиат кардааст, ки  шахси номаълум дар кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи зўроварӣ аз дасташ як адад ҷузъдон, ки дар дохилаш 300-сомонӣ маблағи пулӣ ва  як адад телефони мобилӣ буд, ҷамъ ба маблағи 2000-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан бо моддаи 334 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

 

Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки марди гумонбаршуда, санаи 26.07.с.2016, тахминан соати 18:00-дақиқа, велосипеди  тамғаи “Рокки”-ро, ки ба марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дошт, бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи “Муҳайё”, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ки арзишаш 2000-сомонӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

 

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.