Дар Зафаробод муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ва Парчами миллӣ барафрохта шуд

 Дар маркази шаҳраки Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорҳо нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро гирифта, Парчами миллиро боло бардоштанд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову дигар муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.

Лоиҳаи маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ аз тарафи Корхонаи фаръии давлатии «Лоиҳакаши вилояти Суғд» таҳия гардида, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Само», «Ҳафтранг» ва «Манора-2014» мебошад.

Маҷмаа бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст. Аз ин маблағ барои сохтани муҷассама 2, 4 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Баландии мақбара 16 метр ва баландии муҷассама 6 метрро ташкил медиҳад.

Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев, Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.

Корҳои сохтмонӣ аз моҳи июли соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дар паҳлӯи муҷассама дар маркази шаҳраки Зафаробод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин Парчами миллиро баланд бардоштанд, ки пояи он 26 метр баландӣ ва андозаи матои парчам 3,5 ба 7 метрро ташкил медиҳад. Пояи парчам аз ҷониби сохтмончиёни ноҳияи Зафаробод сохта шуд. Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Зафаробод суханронӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ба истиқболи биступанҷсолагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Зафаробод, ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми буҷети ноҳия аз 380 ҳазор сомонии соли 1992 то 18 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст. Дар ин давра барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия танҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҷмуъ, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ баҳри пешрафти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз  250 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.

Имсол сокинони ноҳияи Зафаробод дар баробари таҷлили ҷашни истиқлолият, инчунин, барои ҷашнгирии ду санаи барои ноҳия муҳим, яъне 55 — солагии азхудкунии заминҳои Мирзочӯл ва 50 — солагии таъсисёбии ноҳия омодагӣ дида, хеле корҳои ободгаронаро анҷом додаанд.

Дар охири суханронӣ бори дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ ва вусъати корҳои ободонӣ табрику таҳният гуфта, ба сокинони ноҳия барои ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи  Ҳукумати кишвар ва идомаи корҳои созандагӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.

Маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмааи навро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ барномаи рангини консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва ҳаваскорони ноҳия идома дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *