Дараи Гӯсфандак чаро долларҳои қалбакӣ дар ин ҷо гардиш доранд?

Мӯйсафеди Табаралӣ дер боз орзуи хона хариданро дар дил мепарварид. Охир ў бачаҳоро оиладор кардаву соҳиби набераи бисёр ҳам ҳаст. Мехост хонаи арзонтару саҳни васеъдошта харидорӣ карда, ҳеҷ набошад ду фарзандашро бо келину набераҳояш ба он ҷо кӯчонад. Субҳ ба мағозаи деҳаашон рафта, дар девори он эълони хонаи фурӯшро дида, хурсанд шуд.


-Ана ҳамин хел ҷойро мехостам. Дараи Гӯсфандак ҳавои тозаю обҳои ширин дорад, -зери лаб аз хурсандї ќабат ќабат гўшт гтрифта мегуфт Табаралӣ ва дигар корҳои хоҷагияшро як сӯ гузошта, рост ба хонаи ҳамсояаш дасти росташ Саидҷамол рафт.

-Ба Дараи Гӯсфандак меравем,- баъди салому алейк хоҳиш кард  аз ҳамсояаш.

-Тинҷӣ?-пурсид Саидҷалол.

-Дар ҳамон ҷо хонаи фурӯшӣ будааст, ҳавлияш ҳам калон-10 сотих, хез рафта нарху наво кунем, ки боз касе пешдастӣ накунаду онро гирад,-хоњиш кард Табаралӣ.

Саидҷалол ҳам сухани ҳамсояашро ба замин нагузошта, якҷоя ба Дараи Гӯсфандак омаданд.

Бо соҳиби хона Фариштамо Раҷабова  дуру дароз нархро поёну боло карданд. Дар ин савдо, ки ошиқи  Фариштамо- Ғиёсиддин Сангов иштирок дошт ва  ҳангоме ки  Табаралӣ 11500 долларро ба забон овард, сӯи Фариштамо як чашмак зад. Фариштамо розӣ шуд…

Рӯзи дигар Фариштамо ва Ғиёсиддин ба Табаралӣ занг зада, гуфт, ки  зуд  ба идораи нотариалии ноҳия биёед,  шартномаи хариду фурӯшро имзо карда, хонаро ба номи ӯ мекунанд. Баъди имзои шартнома онҳо якҷоя ба хонаи Табаралӣ омаданд. Писари Табаралӣ дар ҳузури падараш 11 ҳазор долларро ҳисоб карда, ба дасташон дод ва хонафурӯшон  аз хона берун шуданд. Аммо онҳо  шабона баргашта, пулҳоро  бо ќањр ба назди Таваралӣ партофтанд:

-Долларҳоят қалбакӣ будааст, гир ин хасу хошокатро!- дӯѓ зад Ғиёсиддин.

-Он долларҳое, ки ба назди ман партофтанд рангашон сафед буд, дар байнашон як-то нимто долларҳои ба онҳо додаи худам низ ҷой доштанд, ки аз рангашон онҳоро шинохтам,-мегӯяд  Табаралӣ дар вақти тафтиш. Барои он ки дар дили мӯйсафед тарсу ҳарос афтад Ғиёсиддини маккор хитоб мекунад, ки пагоҳ ба милитсия муроҷиат намояд  ва њамчун  фиребгар парванда мекушоянду  љазо мегирад…

Табаралӣ, ки як умр луқмаи худро ҳалол карда  хӯрда  буд, ҳайрон монд. Мегӯянд, ки дузди зӯр соҳиби говро бастааст. Вале офтобро бо доман пӯшонида намешавад, рафти тафтишот муайян кард, ки Ғиёсиддин ҳамроҳи ҳамзисташ  Фариштамо аз як дӯсташон долларҳои қалбакӣ гирифта,  ба хонаи Табаралӣ омада, мехостанд бар ивази маблағи барои хона гирифтаашон боз маблағи иловагӣ дастрас намоянд. Шояд онҳо бо ҳамин минвол чанд  нафари дигарро фиреб дода бошанд, вале ин навбат тири қаллобон  хок хӯрд.

Дар мурофиаи судӣ Фариштамо худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, мегуфт, ки аз иваз кардани долларҳои аслӣ ба қалбакӣ огоҳӣ надорад. Ин корро Ғиёсиддин бе иштироки ӯ кардааст, вале шоҳидон гуфтанд, ки ин амалиёт бо ҳамдастии Фариштамо гузаронида шудаасту онҳо инро якҷоя амалӣ кардаанд.

Ғиёсиддин дар аввал ҷинояти содир карданашро инкор мекард. Мегуфт, ки долларҳои қалбакӣ аз хонаи Табаралӣ ба дасти онҳо расидааст, вале вақте ки Абдусаттор ном шоҳид иқрор шуд, ки ин долларҳои қалбакӣ аз худи Ғиёсиддинанд ва бо ин найранг боз чанд нафари дигарро сарсону саргардон кардааст, дигар ӯ забонкӯтаҳ шуда, лом гуфта натавонист. Оқибат ба илтиҷо даромада, аз ҳайати суд хоҳиш кард, ки ӯро равонаи маҳбас накунанд.

-Дар сурати ба маҳбас нишастанам наметавонам, маблағҳои аз Табаралӣ гирифтаамро баргардонам, маро дар озодӣ гузоред, то қарзамро адо кунам, дар тарбияам фарзандони ноболиғ дорам,-илтиҷо мекард ӯ.

Ҷавонмарде, ки мисли шер ѓуррос мезад,  имрўз мисли рӯбоњ дум меликонд. Аммо шумо як тасаввур кунед, ки  агар рафти тафтишот мўйро аз хамир људо карда, гунањгории Ғиёсиддин ва Фариштаморо  исбот намекард,  Табаралӣ  як умр ин “хонахарии “ худро намебахшид.

Бо ҳукми суд аз ҳисоби Фариштамо Раҷабова ва Ғиёсиддин Сангов ба фоидаи  Табаралӣ Саидов 74520 сомонӣ рӯёнида шуд.

Афсӯс  ки ин қаллобон имрӯз дар озодианд. Ташвиши мо аз он аст, ки боз нафари дигареро ба доми худ наафтонанду баъди такрори ҷиноят ба муҳлати дуру дароз ба паси панҷараи маҳбас равон накарданд ва хуб медонам, ки  бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.

Ғиёсиддин Сафарзода,

 судяи суди ноҳияи Файзобод,

 Иззатбеки Идизод ,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *