Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дареғо рафт он шоҳи замона. Дар сӯги дӯстам Абдураззоқ Расулӣ (cадо)

Он рӯз мо се тан рӯ ба рӯи ҳам нишаста будем. Маъмулан дар он рӯз шӯхӣ, базлагӯӣ, шеърхонӣ мекардем. Зеро ин санаи деринтизор —15 январ зодрӯзи  шумо буд. Қаблан дар ин нишаст  шумо рубоие қироат мекардед ва мо ду дӯст аҳсан мехондем ва кафкӯбӣ мекардем.

 Шоми он рӯз дастархонатон чун ҳамеша аз неъмат гулгун буд. Ҳарчанд ки дилхуш будед, осори хастагӣ дар чеҳраатон ҳувайдо буд. Дилам таҳ кашид. Дил оинаи ботин пайғомгари афкори  фалак аст. Онро гӯш кардам ва ба гуфтам, ки бояд имшаб рубоиҳое, ки пайваста қироат мекардед, сабт кунам. Чун даъват ба боло кардани қадаҳ кардед, гуфтам:

—Агар рубоиҳоятонро қироат накунед, ба ин амал даст намезанам..

Дар софа чорзону нишастед ва бо лаҳни ширин ба хондани рубоиҳое пардохтед, ки даҳ соли охир чун навои булбул ба гӯш садо медоданд. Пинҳонӣ диктофони телефонро ба кор андохтам. Мехостам ҳар он чї қироат мекардед,  сабт кунам. Дил огаҳӣ медод, ки фурсат ғанимат аст, сабт кун, ки дер нашавад. Зеро рубоию дубайтиҳо моли шумо,  ҳама ҳосили дилу сиголишатон буданд. Борҳо мехостам, ки онҳоро рӯи қоғаз оред, дар рӯзнома чоп кунам ва дигарон низ баҳра аз ин каломи бадеъ бардоранд. Намедонам ба кадом иллате буд, ки ҳар бор саркашӣ мекардед. Намехостед. Шоми он рӯз низ  аз сабти овозатон бехабар будед. Вале ман бохабар ин корро мекардам. Шумо паси ҳам  рубоию дубайтӣ  замзама кардед. Ман ҳам ба ваъдаи худ вафо кардам. Дар васфи шумо сухан мегуфтем ва таманнои тансиҳатиатон доштем.

Шумо соқии фитрӣ будед, бо сеҳри сухан —  ҳарфе, лутфе, чун ин ҳама кора накард бо исроре моро боз ва боз ба гуфтани нӯшбод  водор месохтед. Он шом табъатон болида шуд, чеҳраатон боз гашт. Худоро шукр гуфтем, гумон доштем домони умед дар дастамон аст.  Ду рӯз баъд хабар ёфтем, ки кунҷи хонаро холӣ гузоштед ва ба сайри шаҳр баромадед.  Табли хурсандӣ задем. Баъдтар хабари хуштаре ба гӯшамон расид, ки дар тарабхонае тановули ғизо кардед.  Телефон кардам ва изҳори хушнудӣ кардам. «Саломатиам олӣ», гуфтед. Умед бастем. Умед  аз Худо доштем. Вале аз пушти сар бехабар будем, ки ин ҳама чароғрӯшанкунӣ будааст. Осмони софро ғубор гирифт. Шумхабар расид, ки ҳолататон бад шудааст. Ғӯта бар  ботлоқи андеша рафтам. Бо чанде аз табибони соҳибтаҷриба ҳамсуҳбат шудам. Табиби ҳозиқеро тавсия доданд. Бе пурсиш аз шумо он шом ӯро наздатон бурдам. Ба ӯ эътиқод доштед, муоина кард, бо шумо суҳбат орост. Ҳангоми хайрбод гуфт, ки каронавирусро ғалаба кардед, бар ин беморӣ ҳам дастболо мешавед. Андаке рӯҳатон болида шуд, табассум дар лабонатон гул кард. Берун омадем.

Аз табиб пурсидам, ки бемор чӣ ҳол дорад? Гуфт: умед аст, ки бар беморӣ пирӯз шаванд. Ба ӯ гуфтам, ки мехоҳам фардо фалон табиби дигареро наздатон орам. Гуфт, ки дуруст мекунӣ, дӯстат бемори ӯст. Аммо фардо кор ба табиб накашид. Соати ҳафти саҳар шумхабар расид, ки бо зиндагӣ падруд гуфтед.  Кӯҳи сангине ба сарам фурӯ омад. Дилам мехост фарёд кашам, аммо аз нотавонӣ бар замин нишастам. Ҳар чӣ аз осмон омад, замин бардошт. Ногаҳон, ноаён рафтед. Шамъе, ки торикиро рӯшанӣ, соқие, ки маҳфили сардро гармии оташ мебахшид, хомӯш гашт.

Дареғо рафт он шоҳи замона,

Дареғо рафт он ганҷи ягона.

Дигар ҳаргиз наояд назди мо ӯ,

Дареғо рафт аз дасти карона.

Рӯҳатон шоду манзили охирататон обод бод, Абдураззоқ!

Шариф ҲАМДАМПУР

Рубоиҳои зер шоми 15 январи соли 2021 аз забони дӯстам Абдураззоқ Расулӣ, ки муаллифи онҳост,  сабт ва рӯйнавис шудаанд. Онҳо бори аввал чоп мешаванд.

Бачагиям дар бари саҳро гузашт,

Побараҳна, дилгурусна, лаб-лаби дарё гузашт.

Бе падар, бе модари  ғамхори худ,

Бе хабар аз кори ин  дунё гузашт.

***

Боданӯшиҳо басо бо ёру дӯстон кардаам,

Даст пеши бар намуда, ањду паймон кардаам.

З-он ки дидам бевафоӣ, худнамоӣ, нокасӣ,

Сад пушаймон гаштаву даст бар гиребон кардаам.

***

Сарнавишт аз рӯзи аввал хат дар ин пешона аст,

Ҳар кӣ мехоҳад бурун гардад зи хат, девона аст.

Мо намедонем падруди ҷаҳон кай мерасад,

Довари рӯзи қиёмат Холиқи  ягона аст.

***

Эй азизон, гиря вақти гармии рӯям кунед,

Лаҳзае гирдам нишаста чашм бар сӯям кунед,

Баъди мурдан мӯканиву оҳу фарёдҳо чӣ суд?

Маркаби чӯбӣ биёред, тезтар гӯрам кунед.

***

Халқи кӯҳистони ман ёди Бухоро мекунад,

Рӯдҳои хешро сӯйи Бухоро мекунад.

Чун вазад боди сабо аз қибла дар фасли баҳор,

Бар димоғаш чун расад, бӯйи Бухоро мекунад.

***

Дар Самарқандам, тоҷ бар сар аҳли Сомон мондааст,

Бо забону лафзи ширини ниёгон мондааст.

Ҳар кӣ мегӯяд самарқандӣ забон гум кардааст,

Бехабар аз ин ҷаҳон дар чоҳи Канъон мондааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.