Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти Отахонова авввалин академикзан дар риштаи филология

Даргузашти Хуршеда Отахонова – аввалин ва ягона академикзани тоҷик дар риштаи филология
Субҳи имрӯз Хуршеда Отахонова — аввалин ва ягона академикзани тоҷик дар риштаи филология дар синни 85 солагӣ аз олам даргузашт.


Хуршеда Отахонова — олим, доктори илми филология (1984), Академики АИ Тоҷикистон (2008), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1994). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1968) буда, то дами охирини ҳаёташ дар Институти забон адабиёт ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷиикистон фаъолият мекард.
Номбурда асарҳои зиёди таҳқиқӣ таълиф карда дар омӯзиши адабиёти муосири тоҷик, матншиносии адабиёти муосири тоҷҷик, бойгониҳои адабӣ яке аз беҳтаринҳо маҳсуб меёфт. Ӯ асаосгузор ташкили хазинаи адибон, ки чун шӯъбаи мероси адабӣ дар академияи улум машҳур аст, мебошад.
Академик Отахонова солҳои дароз Мудири шӯъбаи мероси адабӣ (1971-1989), мудири шӯъбаи матншиносӣ ва нашр (1989-2003), мудири шӯъбаи адабиёти муосири тоҷик (2003-2009), сарходими илмии шӯъбаи адабиёти муосири тоҷик, мушовири илмии (2009-то имрӯз) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (ҳоло Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ) фаъоляит бурдааст.
Номбурда бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», сарфароз гардидааст. Соҳиби Ҷоизаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Олимаи соли 2006» мебошад.
Охирин мусоҳибаи Хуршеда Отахонова бо рӯзноманигор Одили Нозирро дар шумораи навбатии «Тоҷикистон» мутолиа кунед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Азиз Мирсаидов 23.06.2016 19:40

    Худо рахмат кунад! Дуо мекуним, ки чояшон дар чаннат бошад!!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.