Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти Баҳманёр – худои Сармаддеҳ

Нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр офарандаи беҳтарин асарҳои насри муосири тоҷик аз олам даргузашт. Баҳманёр 66 сол дошт ва ба гуфти пайвандонаш ғайриинтизор аз олам даргузашт. Баҳманёр нависандаи навгарои тоҷик аст ва осори ӯ дар мисоли “Сармаддеҳ” дар адабиёти тоҷик назир надорад.

Нависанда Баҳманёр, ки номи асливу хонаводагиаш Наҷмиддин Арабзода аст, 15 июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушодааст. Фориғуттаҳсили шӯъбаи арабии забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон (1977) аст. Дар идораи киносозии тоҷик, нашрияҳои «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият доштааст.

Баҳманёр аз зумраи нависандагони навҷӯю хушсалиқаест, ки бо нигоштаҳои нахустинаш миёни хонандагон ва муҳити адабӣ маҳбубият пайдо кард, мутобиқ ба шароити рӯзгор ва гузашти вақт маҳорату малакаи тасвир дар асарҳояш такмил ёфтаю сербор шудааст. Қудрати офаринишаш марзу ҳадде намешиносад ва дар ҳама чиз нуктае, розеву карашмае меҷӯяд. Забони пуртавонаш ҳампайванд бо тасвирҳои тозаест, аз нӯги хомааш бӯи сидқу сафо меояд, ҳар чӣ ба ҳиссу ақли хеш дармеёбад, бепарда, бидуни биму ҳарос ва бе ҳеҷ рӯю риё баён медорад. Нигоштаҳои Баҳманёр рангу бӯи зодбумро медиҳанд, вале дорои паёмҳои инсонӣ ва башарии фаромаконӣ ва фарози маонианд. Бо ин ҳам реша дар жарфои фарҳангу забони тоҷикӣ — форсӣ доранд, ойинаи тамомнамои зиндагии худаш мебошанд.

Барояш нависандагӣ саргармӣ, ҳавас ва шӯҳрату худнамоӣ нест, балки ниёзи сӯзонест, ки оромаш намегузорад. Бинои тасвирсозе дар ҳама осораш бар тавсифи хаёлангези муҳит побарҷой аст, тахайюлу воқеиятро ба ҳам омезиш медиҳад. Бардоштҳо аз падида моли худашанд ва баҳри хонанда оромиши дилпазире ба армуғон меоварад, дар ҳолати шӯридагию шигифтӣ наъраи шайдо ва бонги эътироз баланд ба садо меояд.
Китобҳои ӯ “Ишқи сайед”, “Аспи обӣ”, “Время цветения ромашки”, “Дуди хисрат”, “Зарринаи Зарнигор”, “Песен идущего в петлю”, “Сармаддеҳ”, “Шоҳаншоҳ” маъруфтарин китобҳои ӯ ҳастаанд.

Наздикони нависанда ба pressa.tj хабар доданд, ки ҷанозаи нависандаро имрӯз ба шаҳри Панҷакент интиқол медиҳанд ва маросими ҷаноза нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj