Даргузашти боз як журналисти мустақил дар Тоҷикистон

Имрӯз таҳлилгар ва журналисти тоҷик Раҷаб Мирзо аз даргузашти боз як журналисти тоҷик- Сӯҳроби Рустам дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, дар сӯгворияш чунин нигоштааст:

«Боз як журналист ва он ҳам хеле ҷавон моро тарк гуфт. Худо раҳматаш кунад, омин!
Бо Сӯҳроби Рустам замони фаъолият  дар радиои «Имрӯз» ҳамкор будем. Як ҷавони бисёр шӯху дилёб ва хеле содаву самимӣ буд. Аз ин самимиятҳояш бархе мехостанд ӯро ба бозӣ бикашанд».

. Раҷаби Мирзо дар идомаи сӯгворияш бобати яке аз «ба бозӣ андохтан»-и Сӯҳроб аз сӯйи як «журналисти машҳур»-и радиои «Имрӯз» ёдовар шудааст:

— Як рӯзи якшанбе, ки Сухроб навбатдори радио буд, як хамкасбамон аз у «хоҳиш» мекунад, ки хабареро дар бораи варшикаста шудани як ширкати маъруф пахш кунад ва барояш «манбаъ» ҳам меёбад.  Ҳамзамон ин ҳамкасби мо, ки бозиҳои пасипардагии худро дошт, ба раҳбарияти он ширкат тамос гирифтаву дар бораи пахши ин хабар аз тарики «Имрӯз» маълумот медиҳад.
Рузи дигар, ки душанбе буд, чи маҳшаре дар радио ба по нахест. Масъулини ширкатро бо азобе ором ва ба ивази таблиғи ройгони чандрӯза гусел кардем. Ва баъд аз Сӯҳроб пурсидем, ки чаро ин корро анҷом дод?
Посух дод:
— Одаме, ки пахши ин хабарро хоҳиш кард, ба ман хаққи устодӣ  дорад ва журналисти шинохта аст. Бовар надоштам, ки чунин шахс дурӯғ гӯяду ягон «нағма» дошта бошад….

Дар идомаи навиштааш Раҷаб Мирзо чунин лаҳзаҳои фаромӯшнашудаи бо Сӯҳроб буданашро ёдовар шудааст:

— Ёд дорам, ки шаби овозаи бардурӯғи заминларза дар январи соли 2009 маҳз Сӯҳробро аз хоб бедор кардаму ҳамроҳаш ба Институти зилзилашиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рафта, намояндагонро ба радио бурдем ва онҳо мардумро ором кардаву аз кӯча ба хонаҳяшон дароварданд. Аммо, пас аз пахши маълумот берун баромадем, ки куча хеле сарду холист ва як мошин намеебем, ки то хона равем. Анқариб то хонаи иҷораи Сӯҳроб, дар вокзали роҳи оҳан пои пиёда рафтем…

Дар охир ҷаноби Мирзо ҳамдардии хешро бобати даргузашти Сӯҳроби Рустам баён дошта, гуфтааст:

«Хулоса, Сухроб бо вуҷуди ҷавонӣ  журналисти хуб ва инсони самимие буд.
Иншооллох умед дорем ҷояш ҷаннати ҷовидон бошад, омин!»

Аҳли эҷоди рӯзномаҳои «Тоҷикистон», «Оила» ва сомонаи Tajikistantimes.tj ба аҳли байти Сӯҳроби Рустам нисбати даргузашти ӯ изҳори ҳамдарди намуда, ба эшон аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил ва ба рӯҳи ин ҷавони ғӯрамарг оромиши абадиро талаб доранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *