Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти Махсуми Эмомиддин, рӯҳонии тоҷик

Махсуми Эмомиддин, рӯҳонии тоҷик дар 83-солагӣ рӯзи 30-юми май бар асари бемории қанд ва сактаи қалб даргузашт. Маросими видоъ ва дафни ӯ 31-уми май дар деҳаи Чимтеппа, канори шаҳри Душанбе, баргузор шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ аз шогирдон ва пайравони мактаби Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ ва аз ҳамсабақони домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ гуфта мешавад.

Махсуми Эмомиддин ҳудуди 15 сол дар Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе дарс дода, соле қабл ба рухсатӣ рафтааст.

Ба гуфтаи пайвандон, махсуми Эмомиддин Бобоев китоберо ҳам дар масоили динӣ таҳия карда, ба итмом расонида буд, аммо барои нашри он фурсат наёфт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.