Даргузашти Маъруфи Бобораҷаб, собиқ корманди «Тоҷикистон»

 

Маъруфи Бобораҷаб, рӯзноманигор, собиқ корманди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва котиби масъули нашрияи “Минбари халқ” дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба иттилоъи пайвандони марҳум ӯ шоми 14 октябр бар асари бемории фишорбаландӣ дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст.

Маъруфи Бобораҷаб 23 феврали соли 1959 дар де хаи Ремони  ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1980 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷандро хатм намуда, солҳои 1980-1981 дар мактаби миёнаи №12-и ноҳияи Қумсангир ва аз соли 1981 то соли 1996 дар мактабҳои миёнаи №9, 31 ва 6 ноҳияи Айнӣ ба ҳайси муаллим фаъолият кардааст. Соли 1996 директори мактаби миёнаи №38 ноҳияи Айнӣ таъин мешавад.

 

Соли 1999 ба шаҳри Душанбе, ба Институти такмили ихтисоси Вазорати маориф ба кор даъват мешавад. Ӯ дар Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон ва солҳо дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” фаъолият кардааст. Аз соли 2007 то охирин лаҳзаи умр корманди ҳафтаномаи “Минбари халқ” буд. Ҳамчунин дар кафедари рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода ба донишҷӯён дарс медод.

Ҷанозаи марҳум дар  деҳаи Косибони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардида дар оромгоҳи он ҷо мадфун шуд.

P.S. Ҳайати эҷодии ҶДММ «Оила» ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз марги нобаҳангоми рӯзноманигор Маъруфи Бобораҷаб сахт андӯҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *