Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти омӯзгоре, ки сирко нӯшида буд

Омӯзгори ҷавоне, ки дар пайи муноқиша бо ҳамсараш, сирка нӯшида буд, дар бемористон даргузашт.

Гуфта мешавад, Шарифҷон Раҳматов, омӯзгори ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дарс медодааст, сиркоро менушад ва ҳоло табибон мегӯянд вазъи саломатиаш бисёр бад аст.

Сартабиби беористони вилоятӣ  Давлаталӣ Атоев, дар Кӯлоб ба расонаҳо гуфтааст, ки ин омӯзгор аз сиркои ниҳоят ғализ нушидааст, ки барои аъзои ҳозима хеле хатарнок мебошад:

бисёр зарар дидааст. Рӯдаҳояш осеб дидаанд ва ҳолаташ бисёр вазнин аст. Мақомот низ омада дида рафтанд ва ҳоло нисбат ба ин ҳодиса кор мебаранд.

Ҳамкорони Шарифҷон Раҳматов мегӯянд, ин ҳодиса дирӯз қабл баъди он ки дар хонаводааш муноқиша руй додааст, ба амал меояд. Шарифҷон Раҳматов дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шари Кӯлоб бо ҳамсараш иҷоранишин будааст.

Гуфта мешавад, ки ин омӯзгор бо ҳамсараш мушкил доштааст ва як моҳ қабл барои ҷудо шудан аз ӯ ба додгоҳ ариза навиштааст.

Нисбати ин ҳидса мақомоти интизомӣ парванда боз карданд ва тафтишот идома дорад.

Шарифҷон Раҳматов, зодаи ноҳияи Ҳамадонист ва соли 2009 ба Донишгоҳи Кулоб дохил шуда, соли 2013 онр хатм мекунад. Баъди хатм ӯ ба ҳайси устоди фанни информатика дар ин донишгоҳ ба кор оғоз мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.