Даргузашти прокурор аз бемории коронавирус

Прокурори ноҳияи Файзобод Карим Каримов бар асари бемории сироятии коронавирус даргузаштааст. Дӯстон ва онҳое, ки прокурорро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ варзишгари муваваффақ низ буд.

Номбурда 7 карат Қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи юнонӣ-румӣ ва ҷоизадори чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон будааст. Инчунин, сокинони ноҳияи Файзобод мегӯянд, ки прокурор Карим Каримов шахси хоксор буд ва ҳамеша дасти ниёзмандонро мегирифт.

10 май дар шаҳри Душанбе таҳти чораҳои шадиди санитарию эпидемиологӣ маросими дафни прокурори ноҳияи Файзобод паҳлавони номдор Каримов Каримов доир шуд. Ба гуфтаи наздикони марҳум, Карим Каримов баъди як ҳафтаи табобат соати чори субҳи 10 май дар бемористони Файзобод аз олам чашм пӯшидааст.
Наздикони Карим Каримов хабар додаанд, ки ҷанозаи ӯро субҳи 10 май оварда, дар назди хонаашон, воқеъ дар кучаи Неъмат Қарабоев ҳамагӣ барои 5 дақиқа ба модараш нокушода нишон доданд ва боз гирифта бурданд. “Ҷасади Карим дар кӯрпаи навъи одеяло печондагӣ буд. Мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳамагӣ 5 дақиқа истод дар назди хона ва боз ҳаракат кард. Ҷасадро нафароварданд аз мошин…” – нақл карданд наздикони марҳум.
Карим Каримов, зодаи ноҳияи А.Ҷомиӣ, язгуломитабор ва дар вақташ аз паҳлавонҳои номии Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *