Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти раиси “Умед-88”

Раҷабалӣ Одинаев, раиси зиндонии ширкати “Умед-88” даргузашт.

Пайвандони Раҷабалӣ Одинаев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ баъд аз зуҳри 7-уми апрел дар бемористон даргузашт ва ҷасадашро ба зодгоҳаш интиқол доданд. Ба гуфтаи онҳо, маросими видоъ ва дафни роҳбари пешини ширкати “Умед 88” рӯзи 8-уми апрел дар деҳаи “Дараи калот”-и ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор мешавад.

Раҷабалӣ Одинаевро моҳи марти имсол баъд аз бад шудани вазъи саломатиаш дар зиндон ба бемористони “Ёрии таъҷилӣ” дар шаҳри Душанбе интиқол доданд. Пизишкони беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” қаблан гуфта буданд, Раҷабалӣ Одинаев аз солҳои пеш дарди меъда доштааст ва ин беморӣ дар зиндон хуруҷ кардааст. Ба қавли пизишкон ӯро ҷарроҳӣ карда буданд.

Молики ширкати “Умед 88” соли 2017 баъди як интиқоди Президенти кишвар аз кораш, боздошт ва бо ҷурми “тасарруфи молу мулки давлатӣ” ва ҷиноятҳои дигари иқтисодӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо наздиконаш ин айбномаро беасос ва ҳукми додгоҳро “бераҳмона” номида буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.