Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти Шарофат Қосимова – муаллифи китоби “Забони тоҷикӣ”

Шарофат Қосимова, муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, собиқадори маориф ва яке аз муаллифони 10 китоби “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои ғайритоҷикии мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт.

Шарофат Қосимова, духтари ягонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абулхайр Қосимов буд ва доир ба рӯзгору осори падараш ду китоб ба нашр расонидааст.

Номбурда ҳамчунин, муаллифи дастурҳои иловагӣ ва ёрирасон барои муаллимон буд ва мақолаҳояш пайваста дар нашрияҳо чоп мешуданд. Ӯ то чанд соли пеш дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Хабарнигори “Тоҷикистон” Одил Нозир чанд сол қабл аз рӯзгору пайкори Шарофат Қосимова лавҳае навишта буд, ки феълан онро манзури шумо мегардонем.

ШАРОФАТ ҚОСИМОВА

дар бораи Айнӣ, Раҳимзода, Икромӣ, Чавҳаризода, Улуғзода ва рӯзгори бобаракати хеш

Дар ҳавлии Ҷалол Икромӣ, рӯйи кат, зери дарахт устод Айнӣ каҷпаҳлу зада буданд. Ҷавонзани чолок болиштҳои пари қу оварда, зери паҳлуйи устод гузошт ва зуд дастурхон густурда, чой дам кард. Каме дуртар Ҷалол Икромӣ ош мепухт:

-Ҷалолхон, – овози омиронаи устод рӯшан шуд, ва гӯшу ҳуш будани мухотабро пай бурда, идома дод, – ин духтари чаққон кист?

-Ин келинамон, зани Иноятхон, писари апаам, номаш Шарофат.

-Офарин, қӯшапир шаванд, хеле духтари чаққон будааст. Исто, духтарам, ту аз куҷоӣ, – ба Шарофат ишора карданд устод.

-Аз Бухоро.

-Аз кадом авлод?

-Ман духтари Абулхайр Қосимов.

-Абулхайри артист?

Шарофат бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонид. Устод Айнӣ бошад, ӯро назди худ хонда, дар бораи аҷдодонаш нақлҳои ҷолиб кард…

Омӯзгори собиқадор, ветерани меҳнат Шарофат Қосимова духтари ягонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз бунёдгузорони театри касбӣ ва кинои тоҷик Абулхайр Қосимов мебошад. Ӯ моҳи январи соли 1930 дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда, оилаи онҳо соли 1945 ба Душанбе мекӯчад ва Шарофати ҷавон мактаби миёна, омӯзишгоҳи духтарона  ва Донишкадаи омӯзгориро  дар ин ҷо хатм карда, ҳамчун муаллима ба мактаби рақами 14-и шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Шарофат, ки духтари чаққону чолок ва кордон буд,  зуд дар муҳити корӣ мавқеъ пайдо кард ва соли 1961 ӯро директори мактаби рақами 13-и шаҳри Душанбе таъин карданд.

Шарофат Қосимова аз замони донишҷӯӣ аъзои фаъоли ҳизби коммунистӣ буд. Бинобар ин, дере нагузашта, ӯро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуданд ва соли 1963  котиби ҳизби коммунисти райони Октябр ва аз соли 1965 Инструктори ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе таъин намуданд. Дар баробари ин Шарофат Қосимова 3 навбат ё 15 сол депутати ноҳиявии ноҳияи Октябр (ҳоло И.Сомонӣ), ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино) ва ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) низ буд.

Аммо шурӯъ аз соли 1970 ӯ боз ба кори маориф ҷалб шуда, директори мактаби навбунёди рақами 66-и шаҳри Душанбе таъин мегардад ва то нафақа баромадан (соли 1980) дар ин вазифа кор мекунад. Пас аз нафақа низ меҳри зиёд ба шогирдон ва дилбастагӣ ба касб боис шуд, ки  муаллима фаъолияти худро қатъ накунад, бинобар ин ӯ ҳамчун омӯзгор дар мактаби рақами 46-и шаҳри Душанбе фаъолияти худро идома дод.

Баъд аз соҳибистиқлолии кишвар зарурати ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар низоми маориф пеш омад, ки дар ин росто таҷрибаи Қосимова барин омӯзгорони пешқадам ва соҳибмактаб зарур буд. Бинобар ин муаллимаро соли 1995 ба Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони ҷумҳурӣ, ба ҳайси мушовир ба кор даъват менамоянд ва ӯ то соли 2000 дар ин даргоҳ кор мекунад. Пас аз ин дар филиали ин донишкада эшонро ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ба кор ҷалб менамоянд, то омӯзгорони макотиби миёнаи кишвар аз таҷрибаи зиёда аз нимасраи муаллима баҳравар шаванд. Ҳамин тавр, то моҳи январи соли равон муаллима дар ин донишкада кор карданд.

-Чаро корро қатъ кардед, беҳтар набуд, ки то 90 – солагиатон корро идома диҳед? – бо ҳазл мепурсам аз эшон.

-Бачем, 88 – сола шудам, 60 сол кор кардам, бас будагист-дия. Баъзан маро дар даҳлези донишкада дида, дар ҳайрат афтода, мепурсанд: «Муаллимаҷон, шумо ҳоло ҳам кор мекунед?». Шармам меояд, корро бас кардам. Директор маро ҷавоб надод, 3 маротиба ариза дода, билохира ризоияташро гирифтам… Дар 88 – солагӣ кӣ кор мекунад?

Номи Шарофат Қосимоваро бештар дар мактабҳои ғайритоҷикӣ медонанд, зеро эшон ҳаммуаллифи китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфҳои 2-11 ва китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 4-и мактабҳои таълимоташон ғайритоҷикӣ мебошад.

-Дар умум бо ҳамроҳии ҳамкоронам 11 китоби дарсӣ навиштем, ки зиёда аз 18 сол барои мардум хизмат кард. Акнун қарор шудааст, ки китобҳои дарсиро фақат шахсони унвондор, номзад ва докторони илм таълиф намоянд, яъне дар нашрҳои навбатӣ номи ман намешавад. Ман ҳеҷ даъво надорам, муҳим, ки китобҳои мо аввалин китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ақаллиятҳои миллии кишварамон буд, – мегӯяд муаллима Шарофат Қосимова.

Шарофат Қосимова дар умри бобаракати худ бо устодони бузург ҳамсуҳбату дидор намуда,  имрӯз бо эҳсоси аҷиб аз он рӯзгорон нақлҳо мекунанд:

-Устод Айниро чанд маротиба дида, ҳамсуҳбат шудаам. ­Ғайр аз ин Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Сотим Улуғзода ва қариб ҳамаи устодони бузурги адабиётро аз наздик мешинохтам. Дар ҳавлии  Икромӣ онҳо як маҳфили унс доштанд. Худи Икромӣ ош мепухту мо ба дигар корҳо кумак мерасонидем. Суҳбати онҳо ҷолиб буд ва то ҳол аз хотирам намеравад. Онҳо шеърхониву хушгӯйӣ мекарданд. Баъзан ҳатто худи устод Айнӣ, ки ба назар одами ҷиддӣ ва босалобат менамуданд, ба ин хӯшгӯйиҳо ҳамроҳ мешуданд. Яке аз он хӯшгӯйиҳои устод Айнӣ дар бораи Боқӣ Раҳимзода чунин буд:

Боқӣ Раҳимзода ба Маскав мераваду шамоли сахт кулоҳашонро аз сарашон меафтонад. Кулоҳ хеле дур мераваду Боқӣ онро дарёб карда наметавонанд. Як зани рус кулоҳро аз замин бардошта мепурсад:

– Чья шляпа?  

Боқӣ Раҳимзода саросема мегӯяд:

-Я шляпа, я шляпа…

Баъди ин нақл ҳама хандиданд ва Боқӣ дар ҷавоб ягон шӯхии намакини дигар мекард, ки садои ханда баландтар мешуд. Ҳеҷ кас дар балзагӯӣ ба Боқӣ Раҳимзода баробар намешуд, – ба ёд меорад он рӯзҳоро Шарофат Қосимова.

Бештари нақлҳои Шарофта Қосимова дар бораи падарашон Абулхайр Қосимов аст.

-Падарам ба синни 92 даромада вафот карданд, аммо ҳамоно бардаму солим буданд. Дар ҷашни 90 – солагиашон дар Театри опера ва балет рақсидаву нақш бозӣ карда буданд. Барои миллат хидмати зиёде карданд, ки на танҳо боиси ифтихори ман, балки ифтихори миллатанд…

Шарофат Қосимова имрӯз дар оғӯши фарзандону набераҳо ва абераҳо давлати пирӣ меронанд ва ба онҳо аз рӯзгори боифтихори гузаштаи падар ва худ қиссаҳо мекунанд.

О.Нозир

“Тоҷикистон”, №10, 2018

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Машхура 19.03.2021 09:14

    Шахсе, ки дар Точикистон шогирдони беандоза доранд. Китоби дарсии ин шахси марифатпарвар чи кадар шогирдони бузургеро ба миен овардааст. Мехнати ин зани фархангдуст дар солхои зиеддар маданияти точик чои арзандатаринро меня ирад, чояшонро Худованди чаннатулмаво бигардонад рахмату махфират намояд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.