Даргузашти Шокаримов дар Хуҷанд

Азимҷон Шокаримов, мудири шуъбаи хоҷагии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бар асари бемории “илтиҳоби шуш” дар синни 67- солагӣ аз олам даргузашт.

Як манбаъи наздик ба хонаводаи мудири донишгоҳ гуфтааст, ки Шокаримов барои табобат ба Бемористони сирояти (инфексионий)-и Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ҷойе, ки алҳол гирифторони коронавирус ва илтиҳоби шушро табобат мекунанд, интиқол ёфта буд, вале аз хуруҷӣ беморӣ ҷон ба Ҳақ таслим кардааст.

Азимҷон Шокаримов 29 апрели соли 1953 дар ноҳияи Қалъаи Хумби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Аз соли 1960 то 1970 дар мактаби миёнаи деҳаи Кеврони ҷамоати Вишхарви Қалъаи Хумби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳсил намуда, пас аз хатми мактаб таҳсилашро дар Техникуми индустриалии шаҳри Душанбе идома дода, онро соли 1972 бомувафақият хатм намудааст.

Аз соли 1972 то 1974 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро Азимҷон Шокаримов аз соли 1974 дар матбааи вилоятии дар ноњияи Қалъаи Хумб буда, оғоз намуда, аз соли 1975 то 1976 дар техникуми кооперативии Ленинободии Тоҷикпотребсоюз аз рӯи ихтисоси “Баҳисобгирии бухгалтерӣ” таҳсил карда, баъдан фаъолияти меҳнатии худро дар вазифаи комменданти хобгоҳи техникуми номбурда идома додааст.
Аз соли 1979 то 1996 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба хоҷагии техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод, ҳозира Хуҷанд ва то нафаси охирин дар вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Барои меҳнати пурмаҳсул бо сипосномаю ифтихорномаҳо, бо нишони “Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо медали “90 — солагии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Ҳамкорон Шокаримовро ҳамчун шахси хоксор, меҳрубону ғамхор, кордон ва пуртаҷриба ном бурда, дар байни коллективи меҳнатии донишкада намунаи ибрат мешуморанд.

Масъулини Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабари даргузашти ин масъули донишгоҳро тасдиқ намуда гуфтанд, ки аз даргузашти нобаҳангоми Азимҷон Шокаримов ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкада сахт андӯҳгин буда, ба фарзандон ва пайвандони шодравон сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *