Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти собиқ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Каримхон Қурбонов, духтури чарpох, доктори илми тиб, профессор, узви пайвастаи АИ ТТ, ки солҳои 2003-2005 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бар уҳда дошт, дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора гурухи «Ахбори Тоҷикистон» хабар медиҳад.

Манбаъ хабар медиҳад, ки роҳбарияти гурухи «Ахбори Тоҷикистон» аз марги нобаҳангоми Курбонов Каримхон Муродович духтури ҷарpоҳ, доктори илми тиб, профессор. Узви пайвастаи АИ ТТ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи ЧТ, аълочии тандурустии ЧТ, узви хакикии Академияи байналхалкии мактаби оли. сахт андуҳгин буда, дар ин рӯзҳои вазнину сангин ба аҳли оила ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.

КУРБОНОВ Каримхон Муродович (тав. 2. 4. 1958, нох. Темурмалик), духтури чаррох, доктори илми тиб (1998), проф. (1999). Узви пайвастаи АИ ТТ (2010; узви вобаста – 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ЧТ (2004), Аълочии тандурустии ЧТ (1996). Узви хакикии Академияи байналхалкии мактаби оли (2005). Хатмкардаи фак-ти муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1982). Духтури чаррохи Беморхонаи вилоятии ш. Кулоб (1982 – 87 ва 1992 – 94), ординатори Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Украина (1987 – 89), духтури чаррохи нох. Дзержинскийи ш. Харков (1989 – 92). Ассистент (1994 – 98), дотсент (1998 – 99), проф. (1999) кафедраи чаррохии умумии № 1 ДДТТ, декани фак-ти тибби умумии ДДТТ (2001 – 03), ректор (2003 – 05), мудири кафедраи беморихои чаррохиталаби № 1 ДДТТ. Муаллифи 170 кори илми, аз чумла 56 макола, 11 тавсияи методи ва 4 монография мебошад. 44 пешниходи навовари дорад. Зери рохбарии К. 10 наф. рисолаи номзади химоя кардааст.
Тадкикоти илмии Курбонов асосан ба омузишу табобати захми рудаи дувоздахангушта, роххои талхагузар, гадуди зери меъда ва г. оиданд.
Бо дипломи Академияи байналмилалии «Бахти тиллои» ва медали георгии «Шаън, Шараф, Мехнат» (дарачаи 4) сарфароз гаштааст (ш. Тернополи Украина, 2001).
Ос.: Осложненные дуоденальные язвы, Д., 2003; Абдоминальный компартмент синдром, Д., 2003; Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Ру-операции в абдоминальной хирургии, Д., 2005; Хирургические болезни живота, Д., 2005; Руководство по неотложной хирургии органов брюшной полости, Д., 2005; Хирургия «трудных» язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2007; Дуоденостаз, Д., 2008; Ущемленная грыжа, Д., 2008.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.