Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дархости расмии Тоҷикистон аз Туркия  

 

Мақомоти Тоҷикистон аз полиси Туркия дархости расмӣ кардаанд, ки ҳуввияти як ё чанд тоҷики эҳтимолии боздоштшуда аз рӯи қазияи ҳамла ба клуби тафреҳии «Рейна»-и Истамбулро барои онҳо ошкор кунанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дархости ҷониби ин кишвар ба таври расмӣ рӯзи 19 январ тавассути консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул ба полиси Туркия фиристода шудааст. Пулиси Туркия рӯзи 18 январ 27 нафар, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказиро боздошт кард, ки эҳтимолан бо гумонбари аслии ҳамлаи клуби шабонаи «Reina» дар Истанбул робита доштанд.

Мақомоти Туркия бар ин боваранд, ки ҳамлаи шаби Соли Нав ба «Reina», ки 39 нафарро кушта бар ҷо гузошт, шаҳрванди Узбакистон Абдулқодир Машарипов анҷом додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.