Дарёфти ҷасади пиразани 66-сола дар Душанбе

Мурдаи зани 66-соларо, ки тайи чанд рӯзи охир бедарак шуда буд, аз манзили истиқоматиаш пайдо карданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми декабр сокинони кӯчаи Бухорои пойтахти кишвар дар як занги телефонӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳамсояи онҳо чанд рӯз аст, ки аз хона берун намеояд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки эҳтимол пиразани танҳо ба фалокате гирифтор шуда бошад.

Баъд аз расидани хабари мазкур аз ҷониби ҳамсоягони пиразан, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда якҷо бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳал ва ниҳодҳои дахлдор  вориди манзили шаҳрванд даромада, ҷисми беҷони пиразани танҳоро дар байни хона дарёфтаанд.

Тавре манбаъ мегӯяд, чӣ гуна иттифоқ афтодани марги пиразан то ҳол маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *