Дарёфти Тоҷикистон аз Ҷоми Авруосиё оид ба шоҳмоти фаврӣ

Ин пирӯзии назаррасро барои Тоҷикистон шоҳмотбози маъруф Фаррух Амонатов аз мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Авруосиё овард.
Фаррух дар мусобиқаи шоҳмоти фаврӣ (блитс-шоҳмот), ки аз 9 то 16 январ дар шаҳри Ҳиндустон таҳти унвони «Delhi International Open-2017», баргузор шуд, 8,5 холро ба даст овард (лар рейтинги ФИДЕ 2619 имтиёзро соҳиб шудааст).
Мусобиқа аз рӯйи системаи швейтсарӣ дар 10 давр доир шуда, дар он 285 шоҳмотбоз аз 23 кишвари дунё ширкат варзид.
Ду иштирокчии дигари шоҳмоти фаврӣ бо 8 холӣ мутаносибан ҷойҳои дуюм (Гош Диптаян — Индия, 2570) ва сеюмро (Марат Ҷумъаев — Ӯзбекистон, 2457) гирифтанд. Дар байни бонвон мақоми аввалро Гулрухбегим Тоҳирҷонова аз Ӯзбекистон ишғол кардааст.
Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов 7 даврро бурида, 3 даври боқимондаро мусовӣ анҷом дод.
Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин дастоварди варзишии байналмиллӣ Тоҷикистон дар соли 2017 ба шумор меравад.
Эмом НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *