Дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ – ғолиби мусобиқаи волейболи соҳилӣ

Бинобар иттилои Маркази матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон (КМОТ)    рӯзҳои 6-7 сентябр дар майдончаи варзишии  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  оид ба волейболи соҳилӣ бахшида баргузор шуд.

 Дар мусобиқа шаш дастаи мардона аз шаҳри Душанбе (се даста), вилояти Хатлон (ду даста) ва мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд.

Дастаҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (ДТҶТ) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бар ҳарифон дастболо шудв, дар марҳилаи ниҳоӣ бо ҳам вохӯрданд. Дпр ин бозии ҳалкунанда волейболбозони ДТҶТ  бо ҳисоби 2:0 пирӯз омада, мақоми аввалро касб карданд. Ҷойҳои дуюмро мунтахабҳои ДМТ ва  сеюмро «Душанбе-3» соҳиб шуданд. Дастаҳои ғолиб бо Ҷомҳо  КМОТ-у туҳфаҳо сарфароз гардид. Инчунин ба дастаҳое, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол карданд, Ҷом ва туҳфаҳои КМО ҶТ тақдим шуд.

Ин мусобиқаро Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (КМОТ) дар ҳамкорӣ бо Федератсияи волейболи соҳилии Тоҷикистон 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшиданд..

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *