Дастаи футболи Рустами Эмомалӣ футболбозони телевизиони «Варзиш»-ро 11:2 шикаст дод!

Дар даври авали ҷоми «Истиқлол» оид ба футболи хурд дастаи  Федератсияи футбол бо тими футболбозони телевизиони «Варзиш» дастаи варзишгарони журналистони ин телевизиони ягонаи варзишии кишварро ба ҳисибои 11:2 шикаст дод.

Бино ба иттиллои  Федератсияи футболи Тоҷикистон  аз ин 11 гол 5- тои онро  Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ ба дарвозаи журналистони варзишии тоҷик задаст.

Ҳамчунин дар доираи ин сабқат барои ҷоми Истиқлол дар гуруҳи «D» дастаи Бонки Миллӣ бар дастаи Донишгоҳи Миллӣ бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Дар гуруҳи «В» футболбозони Суди ноҳияи Сино дастаи Донишгоҳи молия ва иқтисодро бо ҳисоби 5:1 шикаст доданд. Инчунин дастаи “Фурудгоҳ” тими Кумитаи варзишро бо ҳисоби 5:2 мағлуб кард. Дастаҳои “Дилкаш” ва “Дӯстӣ” бозиро мусовӣ – 2:2 анҷом доданд.

Ба иттилои манбаъ бозиҳои даври дуюм барои ҷоми “Истиқлол” рӯзҳои истироҳати оянда — 13 ва 14-уми август дар назар мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *