Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дастаи “Истиқлол” пеш аз муҳлат чемпион шуд

Дастаи “Истиқлол” се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2020 бори нуҳум ба дарёфти унвони чемпионӣ ноил гардид.

Бино ба иттилои ФФТ, дастаи “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 ба ин унвон соҳиб шуда буд.

Дастаи “Истиқлол” се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон аз дастаи зинаи дуюм — “Хуҷанд” 12 имтиёз бештар дорад, ки унвони чемпиониро барояш таъмин мекунад. Зинаи сеюмро бо 24 имтиёз дастаи “Хатлон” ишғол мекунад.

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 27-уми сентябр баргузор мешаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.