Дастаи Тоҷикистон бо Қирғизистон мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро дар меҳмонӣ бо тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Бозӣ дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон шаби 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Ҷаҳонгир Эргашев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 17-ум, ҳисобро боз кард. Эргашев ба тӯб соҳиб шуда, зуд ба ҷаримагоҳ ворид гашт ва баъди зарбаи сахти ӯ дарвозабони мизбонон Павел Матяш маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.

Дар нимаи дувуми дидор меҳмонон, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон шуда, ба хатти дифоъ гузаштанд. Ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон самар овард. Дар дақиқаи 82-юм Тамирлан Қӯзибоев аз назди дарвоза тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисоб баробар шуд – 1:1.

Дар охири дидор баъди зарбаи Виталий Люкс, бозигари мунтахаби Қирғизистон, тӯб ба тири дарвозаи меҳмонон бархӯрд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ, бозиро бо тими миллии Қирғизистон, ки сармураббиаш мутахассиси 41-солаи русиягӣ Александр Крестинин аст, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва дар сафар як имтиёз гирифт.

Ин умуман бозии 14-ум миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт. Дар 8 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 3 бозӣ футболбозони қирғиз ғолиб омадаанд, 3 бозӣ мусовӣ шудааст.

Дар бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи “F” имрӯз мунтахаби Мянмар дар майдони худ тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голро Ҳаинг Бо Бо дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид.

Мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарчор бозиаш ғолиб омада, бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад. Зимнан, ҷопониҳо аз бозии даври шашум озод буданд. Мунтахаби Ҷопон имрӯз, 19-уми ноябр, дар бозии дӯстона дар майдони худ аз мунтахаби Венесуэла бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Мянмар бо шаш имтиёз аз зинаи охирин ба ҷойи чаҳорум баромад. Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *