Дасти пурқуввати Президенти мо (Видео)

Дар Интернет лаҳзаи дастфишории президентҳои Тоҷикистону Амрико Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп дар Арабистони Саудиро алоҳида нашр карда, навиштаанд, билохира нафаре ёфт шуд, ки тавонист дар дастфишорӣ бар Трамп дастболо шавад.

Як корбар бо тахаллуси «Тем временем” лаҳзаи дастфишории президентҳои Тоҷикистону Амрико Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трампро, ки ҳамагӣ чанд сония давом мекунад, аз видеои нашркардаи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷудо карда вва алоҳида дар Интернет нашр кард. «Тем временем” зери ин пораи видео навиштааст, «билохира нафаре ёфт шуд, ки дар дастфишорӣ бар Трамп дастболо шавад.”

Доналд Трамп бо дастфишориҳои сахту тӯлониаш ҳангоми мулоқотҳо машҳур аст.

Крис Силизза, хабарнигори CNN дастфишории Раҳмон бо Трампро дастфишорие номид, ки ба таъбири вай, «нуқтаи таммати тамоми дастфишориҳост.”

Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп рӯзи 21 май дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои арабиву мусалмон бо ҳам дидори кӯтоҳе доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *