Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дастоварди толибилмони тоҷик аз олимпиадаи ҷаҳонӣ «28th IOI–2016»

12 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Федератсия Россия Олимпиадаи ҷаҳонӣ «28th IOI–2016» аз фанни технологияи иттилоотӣ дар байни 82 давлати дунё бо иштироки 328 нафар хонанда оғоз ёфта, 19 августи соли равон ҷамъбаст гардад.

Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар Фарҳоди Ҳакимиён, Даминов Нодир, Сафаров Нозимҷон, ва Каримов Фаррух муаррифӣ намуданд.

Боиси зикр аст,ки хонандагони тоҷик аз соли 2009 инҷониб дар ин олимпиадаи бонуфуз танҳо сазовори ҷойи сеюм мегардиданду халос. Имсол бошад, як нафар хонандаи тоҷик Фарҳод Ҳакимиён аз Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе сазовори медали нуқра ва Даминов Нодир аз Гимназия-интернати Тоҷикистону Россия “Ҳотам ва П.В” сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.