Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДАТ: Шартномаи таҳсил се сол боз тағйир наёфтааст

«Соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 163 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон таҳсил доштанд ва ба ҷуз як нафар дигар ҳамаашон ба воситаи сафоратхонаҳояшон дар Тоҷикистон ба кишварашон интиқол дода шуд. Танҳо як шаҳрванди Афғонистон нахост, ки ба кишвараш равад ва аз мо хост дар ин ҷо бимонад. Мо ӯро дар хобгоҳи донишгоҳ ҷой намудем ва зери назорати раёсати Донишгоҳи аграрӣ аст».

Ин нуктаро имрӯз, 17 июл Маҳмадёрзода Усмон, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур зимни нишасти хабарӣ бо журналистон ироа дошт.

Дар ҷараёни нишаст ректори донишгоҳ зикр кард, ки шартномаи таҳсили донишҷӯён се сол бетағйир истодааст ва танҳо дар зинаи магистратура каме иваз шуд.

Ҳамчунин, Маҳмадёрзода Усмон афзуд, ки ба бемории вогири коронавирус теъдоди ками устодони донишгоҳ гирифтор шуданд ва 4 нафар устод аз бемории «илтиҳоби шуш» фавтиданд, ки як нафарашон ҳамкорӣ асосӣ, нафари дигар устоди кафедраи ҳарбӣ ва ду ҳамкори берунӣ буданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.