Даъвати ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Русия барои афви 1,5 млн муҳоҷир

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия аз ҳукумати ин кишвар даъват ба амал овардаанд, ки фурсат аст, муҳоҷирони кориеро, ки даст ба ягон ҷинояти ҷиддӣ назадаанд, авф кунад.


Гуфта  мешавад, то имрӯз шумори муҳоҷироне, ки бо ин ё он сабаб боздошт ва зиндонӣ шудаанд, беш аз ҳад афзуда, ба 1,5 миллион расидааст. Аксари ин муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон буда, ба муддати 3,5 то 10 сол ҳукми зиндон доранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ бар он ки баъзе аз ин муҳоҷион бинбар вайрон кардани қоиъади буду бош дар Русия зиндон шудаанд, бояд авф ва озод шаванд, зеро ба гуфтаи  онҳо, боздошт ва зиндон кардани муҳоҷироне, ки даст ба ҷинояти вазнин назадааст, кор башардӯстонае нест.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, то 26 март шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар руйхати сиёҳи Русия дохил шуда, аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум шудаанд, ба 330 000 нафар расидааст. Вале, то ҳол руйхат ё шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндон ё боздоштгоҳ қарор доранд, нашр нашудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *