Давлатманд Холов ва Тахмина Ниёзова ба Маскав рафтанд

Дар Русия Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар доираи он ҳунармандони номдори тоҷик дар саҳнаи Театри калони Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд

 Ҳунармандони номии тоҷик дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд, хабар додааст Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, 7 октябр, дар рӯзи ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ дар  дар Театри калони Маскав ҳунарнамоии Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов  Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Соибназар Аловатов ва Хуршед Иброҳимов  дар назар аст.

Ёдрас мешавем, дар Русия аз 7 то 10 октябр Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуда, дар ҳошияи он консерту намоишгоҳи китоб ва аксҳои рассомони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург  дар назар аст.

Даромад ба корсертҳо бо даъватномаи сафорат ва консулии Тоҷикистон ва ба намоишгоҳҳо ройгон гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *