Давлатов роҳи ягонаи пешгирӣ аз COVID-19-ро гуфт

 Чуноне мутахассисон огоҳ мекарданд, бо омадани хазонрез паҳншавии коронавируси SARS-CoV-2 (COVID-19) аз нав шиддат мегирад.

Гоҳ аз ину гоҳ аз он гӯшаи ҷаҳон хабари авҷи мавҷи аввал ва ё оғози мавҷи дуввуми СОVID-19 мерасад.

Аз ҷумла, дар Русия, ки ҳамватанони мо кам нестанд, шуюи ин вируси маргзо зиёд шудааст. Ҳатто дар Маскав, ки чораҳои иҷтимоиву тандурустии пешгирӣ аз ин уфунӣ хеле хуб ба роҳ монда шудаанд, шумораи гирифторон меафзояд.

Дар бисёре аз кишварҳо сабаби асосии ин ҳолат беэҳтиётӣ аз тарафи худи шаҳрвандон ва ё ҷиддӣ нагирифтани ин уфунӣ аз тарафи ҳукуматдорон аст.

Дар мисоли Амрико дидем, ки аввал худи Трамп ин уфуниро ҷиддӣ нагирифта буд, баъд яке аз духтурони мансабдори наздикаш даъво дошт, ки ниқоби тиббӣ кашидан кори беҳуда аст ва ғайра. Дар натиҷа талафоти ҷонӣ аз СОVID -19 аз ҳама зиёд дар он ҷост.

Дар ёд ҳаст, ки Cарвазири Бритониё ҳам дар аввал то ҷое беэътиноӣ карда буд, ки аз тарафи раҳбарони дигар давлатҳои Аврупо ба ҳалқаи интиқод кашида шуда буд. Аммо ҳоло диданд, ки СОVID -19 уфунии ҷиддист, бо таҳлука чораҳои сахтгирона роҳандозӣ мекунанд.

Ва ё баъзеҳо Шветсияро мисол меоранд, ки карантинро дар ихтиёри шаҳрвандонаш во гузоштааст. Ин шоҳигарӣ такя ба масунияти сарҷамъӣ (коллективный иммунитет) кардааст.

Мутахассисон медонанд, ки барои ташаккули масунияти сарҷамъӣ бояд аз 60 то 70 %-и мардум уфуниро паси сар кунанд.

Яъне, агар аз 3 нафар 2 кас СОVID -19 гузаронаду дар хунашон иммуноҳлобулинҳои лозима (G) ба андозаи кофӣ пайдо шаванд, пас нафари сеюм аз ин 3, агарчӣ бо сулфаву атсаи шадид коронавирус бошад ҳам, он 2 сироят намешаванд, чун дар баданашон антибодӣ (антитела) бар муқобили ин коронавирус доранд.

Вале, то 60-70%-и аҳолӣ масуният пайдо мекунанд, ки шумораи зиёде ҷон ба ҷонофарин таслим мекунанд. Аз ин ҷост, ки шумораи фавтидагон дар Шветсия нисбати ҳамсоядавлатҳояш зиёд аст.

Хулоса, барои ҳифзи саломативу ҷони худу наздикони худ, ҲАТМАН чораҳои пешгирӣ аз сироятшавиро риоя кунем!

Набояд ба масунияти сарҷаъмӣ ва ё воксину доруҳои арзи вуҷуднадошта умед бандем.

Дониста бошед, ки дар марҳилаи имрӯза дар рӯи замин ҲЕҶ доруи маҳвкунандаи коронавируси СОVID -19 вуҷуд НАдорад!

Ҳамаи тавсияҳо нисбӣ ҳастанд. Воксине, ки ҳамаи марҳилаҳои таҳқиқоту санҷишҳои тиббиро гузашта бошад, вуҷуд надорад.

Пас, ягона роҳи наҷот — ҳамон чораҳои пешгирӣ ҳастанд.

Фирефтаи онҳое, ки мутахассиси соҳа нестанду бо хондани чанд маводи интернетӣ сафсатабофӣ мекунанд, нашавем.

Агар ҳукумат (дар Русия ҳуқуқи чорабиниҳои зиддиуфунӣ дар ихтиёри ҳукуматҳои минтақавист) ва мутахассисони соҳа сахтгирӣ кунанд ва талаботи карантину пӯшиши ниқоби тиббиву риояи фосила ва амсоли инҳоро талаб кунанд, бояд иҷро кунем.

Онҳое, ки ҳоло бо баҳонаи озодихоҳӣ дар баъзе кишварҳои ғарбӣ бар хилофи тавсияҳои духтурону талаботи профилактикӣ амал мекунанд, бар ҷони худу наздикони худ зулм доранду офатзо ҳастанд.

Саҳнаи мубориза барои озодиву ҳуқуқу ғайра берун аз майдони беҳдошти саломатӣ ва он сӯ аз сарҳади ҷони маризон бояд бошад…

Саломату осуда бошед!

Абдулло Давлатов, табиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *