Давлатзода: Дар Тоҷикистон талабгорони Ҳаҷ кам шуданд

Кумитаи дини Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тайи ду соли охир саҳмияи аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саудӣ барои зоирони тоҷик пешниҳодшударо пур намешавад.

Кумитаи  дини Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тайи ду соли охир саҳмияи аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саудӣ барои зоирони тоҷик пешниҳодшударо пур намешавад.

Ин нуктаро Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ироа кард.

“Солҳои қабл, масалан, дар Хуҷанд барои 5-6 соли оянда мардум навбати ҳаҷравиро интизор мешуданд, аммо ду соли охир мо наметавонем саҳмияро ба пуррагӣ иҷро кунем. Дар соли гузашта зиёда аз 6000 квота ҷудо шуда буд, аммо мо 5000 нафар фиристодем, имсол бошад зиёда аз 7000 ҷой ҳаст, аммо бештар аз 5000 раводид гирифтанд.”- гуфт Давлатзода.

Сабаби кам шудани хоҳишмандони ҳаҷравиро Сулаймон Давлатзода дар бӯҳрони иқтисодӣ медонад.

Ҳамчунин, вай хабар дод, ки зиёда аз 70 нафар зоирони тоҷик, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ва хусусӣ ба иҷрои маносики Ҳаҷ мерафтанд, аз Дубай ва Ҷидда ба ватан бозгаштаанд.

“Дирӯз як нафар аз зоирини мо бинобар сабаби техникӣ аз фурудгоҳ баргардонида шуд, ки мо ба мушкили ӯ расидагӣ намуда, бо гуруҳи дуввум ӯро фиристодем. Аммо бархе аз зоирон, ки тариқи ширкатҳои хусусӣ ва сайёҳӣ ба Ҳаҷ мерафтанд, бинобар дуруст набудани раводидашон аз Дубай ва Ҷидда баргардонида шуданд. Теъдоди онҳо беш аз 70 нафар мебошад, ки фиреб хурдаанд.”- гуфт Давлатзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *