Даъвоҳои беисботи Паймон

Сафири Тоҷикистон дар Кобул иддаои намояндаи Луи Ҷирга ё парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз дар мавриди интиқоли аслиҳаи Русия тавассути Тоҷикистон барои Толибон дар шимоли Афғонистонро “беасос ва дурӯғин” хонд.

 

Шарофиддин Имомов рӯзи душанбе  гуфт, ин гуна хабарҳо дар ҳафтаи гузашта, дар пайи бозгашти Абдулвадуд Паймон, намояндаи парлумон аз вилояти Кундуз пайдо шуд. Вай гуфт: «Ду рӯзе қабл бо Абдулвадуд Паймон сӯҳбат карда ва манбаи ин хабаррро пурсидам. Ӯ гуфт, ки аз мардуми маҳал шудааст. Барои тасдиқи ин хабар ҳеҷ далеле оварда натавонист. Баъдан узрхоҳӣ кард, ки бо такя ба овозаҳо ин хабарро дар расонаҳои Афғонистон пахш кардааст.”

Абдулвадуд Паймон гуфтааст, дар ҳоле, ки интиқоли силоҳ аз Покистон ба шимоли Афғонистон номумкин аст, Толибон дар ин минтақа бо силоҳҳои муосир мусаллаҳ мешаванд. Вай дар ин росто ангушти ишорат ба сӯи Русия карда ва гуфтааст, силоҳҳои русӣ аз тариқи Тоҷикистон тавассути дарёи Ому ба ҳангоми шаб ба вулусволӣ ё ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқади вилоятҳои Кундуз ва Тахор интиқол мешаванд. Паймон рӯзи якшанбе 12 феврал гуфтааст, ки “аз шикояту нигарониҳои мардуми ин минтақа сафири Тоҷикистон дар Афғонистонро шарик сохтааст.” Абдулвадуд Паймон насби дурбинҳои назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро нишонае аз ҳузури низомиёни рус дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.Аз сӯи дигар, Муҳаммадюсуф Аюбӣ, раиси шӯрои вилояти Кундуз  гуфт, ки мардуми маҳаллӣ ба ин боваранд, ки Толибон аз тариқи дарёи Ому силоҳро ба тарафи Афғонистон интиқол медиҳанд. Вай гуфтааст, ки аммо дар ин бора далеле дар даст надоранд: «Ҳамин сӯҳбатҳоро ман дирӯз шунидам. Агар маълумоте ба даст омад, шуморо дар ҷараён мегузорам. Овозаҳо ҳаст, аммо мо маълумоти дақиқ надорем.»Аммо Шарофиддин Имомов ҳама гуна иддаҳо дар мавриди интиқоли силоҳи русӣ ба шимоли Афғонистон аз қаламрави ин кишварро рад карда ва гуфт, дар муддати 12 соли ахир ҳифзи сарҳадоти ҷанубии кишварро марзбонҳои тоҷик дар даст дошта ва ҳеч низомии рус имкони дастрасӣ ба манотиқи сарҳадиро надоранд ва дурбинҳои назоратӣ аз ҷониби марзбонҳои тоҷик барои ҳифзи хатти сарҳадот насб шудааст. Вай гуфт, маҳз тавассути ин дурбинҳо дар охирҳои ҳафтаи гузашта аз вуруди се гурӯҳи қочоқбари афғон ба ҳудуди Тоҷикистон ҷилавгирӣ шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *