Даври асосии имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ оғоз мешаванд

Ба иттилои Маркази миллии тесть аз 1 то 7 июли соли ҷорӣ даври асосии имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ,  имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат  баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари баргузор гардидани даври асосии имтиҳонҳо барои довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ,  имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус низ дар донишгоҳу донишкадаҳо доир мегардад. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус аз ҷониби масъулони донишгоҳу донишкадаҳо қабул ва баҳогузорӣ гардида, балҳои бадастовардаи ҳар як довталаб аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ба Маркази миллии тестӣ фиристода шуда, бо балҳои имтиҳонҳои асосӣ зам мегардад.

Боиси зикр аст, довталабоне, ки дар даври иловагии бақайдгирии номнавис гардиданд ё дар даври асосии аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус иштирок карда натавонистаанд, рӯзҳои 9 ва 10 июл дар даври иловагӣ иштирок карда метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *