Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даврон Атабоев ба бозиҳои олимпии 2016 рохат гирифт

24 июн аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мужда расид, ки Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст.


Таврн сомонаи КМОТ иттилоъ медиҳад, Даврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензионии олимпиро иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.
Рашид Саидов, муовини раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон дар сомона афзудааст:
-Даврон Атабоеви 23-сола дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ба мисли Бозиҳои аввалин тобистонаи олимпии наврасон соли 2010-ум дар Сингапур ва Бозиҳои XVII осиёӣ соли 2014 дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Вай таҳти раҳбарии мураббиён Ӯлмас Олимов ва Галина Карамишева тамрин мекунад. Бад-ин минвол роҳхати Даврон Атабов барои варзиши сабук дуюмин ва барои Тоҷикистон панҷумин ба Олимпиадаи Рио-2016 маҳсуб меёбад…
То имрӯз гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонони ҷудо Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан Анвар Юнусов ва даванда Даврон Атамбоев шарафи варзиши тоҷикро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио де-Жанейро ҳифз хоҳанд кард.
Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев гуфта, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин, дар риштаҳои тирандозӣ, гуштии озод ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.