Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДДҲБСТ донишҷӯёни хориҷиро онлайн қабул карданист

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон талош дорад, ки имсол дар пайи пандемияи коронавирус ва доман паҳн кардани мавҷи дуюми он, шаҳрвандони хориҷиро тариқи онлайн қабул намояд. Ҳоло дар ин бора масълини ин донишгоҳ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нома ирсол карда, интизори посухи мусбатанд.

Ректори таълимгоҳ Муъминҷон Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳамагӣ 331 шаҳрванди хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил доранд, ки бештарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Дар пайи пандемия ва бастани марзҳо, идомаи таҳсили онҳо дар донишгоҳ зери суол мондааст. Аммо донишгоҳ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва таълими онлайнӣ омода мебошад.

Ба гуфтаи ректор, ҳоло бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ аз ҷумла, ихтисосҳои соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, информатика, математика ва информатика, забони англисӣ таҳсил дар донишгоҳ аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда мешавад. Дар 16 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони хитоӣ машғулиятҳо доир гардида, 35 нафар хоҳишмандон курси кўтоҳмуддати забономӯзии назди донишгоҳро хатм намудаанд.

Муъминҷон Шарифзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сафи донишҷӯёни гирандаи стипендия низ дар донишгоҳ тамоюли афзоиш доранд. Ҳоло гирандагони стипендияҳои номӣ-1 нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар стипендияи Раиси вилояти Суғд, 4 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, 24 нафар стипендияи раёсати донишгоҳ мебошанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.