ДДФСТ: Ихтисоси WEB-журналистика ба фаъолият шурӯъ мекунад

Моҳи майи соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои олимони донишкада кафедраи “ Техналогияи ВАО ” бо ихтисоси   WEB-журналистика , РR робита бо ҷомеа ва  Кинотелеоператор таъсис ёфт. Ин нуқтаро зимни нишастӣ матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ ба хабарнигорон гуфт.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 199 конфиренсияи илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд. Дар ин чорабиниҳо муҳаққиқону олимон аз Фетератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар нишасти хабарӣ инчунин доир ба грантҳо ва ҳамкориҳои хориҷӣ гуфта шуд. Аз ҷумла ректори донишкада гуфт: “Дар донишкада ду грантӣ, ки аз ҷонибӣ Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад ва 4 лоиҳаи илмӣ бо маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Донишкада бо 28 донишгоҳҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ дорад. Дар донишкада 87 нафар донишҷӯ аз хориҷӣ кишвар дар шакли рӯзона ва ғоибона фаро гирифта шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *