Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДДТТ: 51 нафар ба имтиҳон роҳ дода нашуданд

Соли таҳсили 2015-2016 дар шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 462 нафар донишҷӯ ҳамагӣ 411 нафар барои ҳимояи рисолаҳои тахасссусии хатм роҳ дода шудаанд.

51 нафар донишҷӯ бо сабабҳои паст будани холи миёнаи бадастоварда, қарзҳои академӣ ва насупоридани маблағи  таҳсил ба супоридани имтиҳон роҳ дода нашуданд.

Дар ин бора имрӯз зимни  як нишасти матбуотӣ Муминҷон Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки дар шӯъбаи омӯзиши ғоибонаи донишгоҳ аз 477 нафар донишҷӯ 450 нафар барои супоридани имтиҳони давлатӣ иҷозат дода шуданд.

Ректор Шарифзода дар бораи дастдастовардҳои донишгоҳ ҳарф зада, иброз дошт, ки  30 майи соли ҷорӣ  муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ  Басгул Исупова дар Донишгоҳи Вармину Мазури Ҷумҳурии Полша зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ Андрей Бушков ва мушовири илмӣ, профессор Раҷабов Р.К. рисолаи докториашро барои дарёфти дараҷаи доктори PhD дар мавзӯи «Портфели қарзии оптималии бонкҳои тиҷоратӣ дар шароити хавфи баланд дар мисоли Тоҷикистон» бомуваффақият хатм намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Анас 05.12.2016 03:11

    Саломалекум устоди Мехрубон мо ба шумо рахматнома эълон мекунам ки моро дар хама холат дастгири мекун ва нисбати мо донишчуён гамхору дилсуз хастед ташакури зиёд барои хизматхои бехтаринатон мо бо шумоем!!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.