Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДДТТ сертификати “Исо”-ро ба даст оварданист

4 барномаи магистрӣ ва 2 барномаи бакалаврии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон охири соли 2019 аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштанд. Ин нуктаро имрӯз ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ маҳз бо талаботи байналмилалӣ аст ва ин маъноеро дорад, ки ДДТТ берун аз Тоҷикистон ҳам эътироф шудааст.

Ҳ. Фақеров афзуд: “Ҳоло масъалае, ки дар назди худ гузоштаем соҳиб шудан ба сертификати “Исо” аст. “Исо” ин як ташкилоти байналмилалии стандардҳо буда, то имрӯз танҳо чанд корхонаҳои бузурги мо соҳиби ин сертификат ҳатанд. Чун имсол иҷозати гирифтани муаассисаҳои олии касбӣ дода шуд, мо омодагиҳоро шурӯъ кардем барои соҳиб шудани ин сертиикат”.

Бояд афзуд, ки соҳиб шудан ба серттфтикати “Исо” маъноеро дорад, ки дар корхона аз фаъолияти боғдор то кори ректор дар дохили системаи муайян сурат мегирад.

Бояд ёдовар шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳанӯзсоли соли 2012 соҳтиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардида буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.