Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“ДЕҲҚОНБОЗОР”-И ГИПРОЗЕМ БА КОМИ ОТАШ РАФТ(ВИДЕО)

Як корбари шабакаи иҷтимои бо номи Парвиз Парвиз соати 00:40-и 22 июл бо ишораи «Фаврӣ» видеои сӯхтор дар «Деҳқонбозор»-и воқеъ дар Гипроземи пойтахтро нашр кард.

Бино ба иттилои Парвиз ТВ, бозор баъди нимашаб, соатҳои тахминан 00:40-и 22 июл ба коми оташ рафтааст. Дар видеои кӯтоҳи нашршуда дида мешавад, ки чигуна аз дохили бозор забонаи оташ ба осмон баланд мешавад ва шоҳидон мегӯянд, «ин «Деҳқонбозор»-и Гипрозем аст, ки сӯхта истодааст.»

Бояд гуфт, ки бозори «Деҳқон» асосан ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва қисман маҳсулоти дигари хӯрокворӣ ихтисос дошт ва бо нархҳои нисбатан арзонтари меваву сабзавоташ аз дигар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон фарқ мекард.

#Срочно Худи хозир соати 00:40 Дехконбозор воке дар Гипроземи Шахри Душанбе сухтаистодааст.

Gepostet von Парвиз Парвиз am Dienstag, 21. Juli 2020
-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.