Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Депортатсия модари тоҷикро аз се тифлаш зиндаҷудо кард

Як зани тоҷики модари се фарзандро аз шаҳри Екатеринбурги Русия ихроҷ кардаанд. Дилдорҷон Рашидова се сол ҳаққи бозгашт ба Русияро надорад, вале се кӯдаки ӯ бидуни саробон дар Екатеринбург мондаанд.

Нашрияи «Ведомости Урал» дар бораи сарнавишти як зани тоҷик ва се фарзанди ӯ хабар додааст. Бино ба ин манбаъ, мақомоти Русия Дилдорҷон Рашидоваро бо гуноҳи вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират аз ин кишвар ихроҷ карда ва аз се кӯдакаш ҷудо кардаанд.

Омбудсмени кӯдаки вилояти Свердловск Игор Мороков ваъда додааст, ки ба ин хонавода, ки ба далели зиддунақизиҳои қонунҳои Русия зиндаҷудо шудаанд, дасти кумак дароз мекунад.

«Ведомости Урал» менависад, ин зан дар соли 2004 баъди вафоти шавҳари аввалаш бо ду писари худ ба Екатеринбург омад ва 13 сол боз дар ин ҷо кору зиндагӣ мекард.

Духтари хурдии ӯ Дилбар, ки ҳоло 9 сол дорад ва дар синфи 3 таҳсил мекунад, дар Екатеринбург дида ба ҷаҳон кушод ва танҳо узви ин хонавода аст, ки шаҳрвандии Русияро дорад.

Худи Дилдорҷон Рашидова, ба навиштаи «Ведомости Урал», ҳар се моҳ маҷбур буд, аз қаламрави Русия барояд ва боз баргашта, ба кори худ дар як сохтмон идома диҳад.

Дар ин миён фақат як дафъа – бори охирин – Дилдорҷон Рашидова натавонистааст ба далели машғулияти зиёд дар ҷои кор бо анҷоми 90 рӯз тарки ҳудуди Русия кунад. Ӯро зуд пайдо карданд ва барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия барои 3 сол аз ҳаққи убури марзҳои ин кишвар маҳрум карданд.

«Ведомости Урал» менависад, Дилдорҷон Рашидова 9 моҳ боз маҷбур аст дар шаҳраки Қарабалиқ дар наздикии марзи Қазоқистон бо Русия ба сар барад. Бо ин умед ки ягон рӯз раҳми мақомоти Русия биояду ӯро имкони бозгашт ба пеши фарзандонаш бидиҳанд.

Дилдорҷон Рашидова дар Тоҷикистон ҷое барои бозгашт надоштааст – на хешовандонаш онҷо мондаанд ва на дигар хонаву даре дар Тоҷикистон дорад.

Ин модар ба ин далел тамоми кӯшишашро ба харҷ дода истодааст, ки ба Екатеринбург, ба пеши фарзандони аз модар ҷудошудааш баргардад. Кадом қаллобҳои «миёнарав» дар ин миён Дилдорҷон Рашидоваро фиреб ҳам додаанд, ки метавонанд бо пул мушкили ӯро ҳал кунанд.

Модари ташнаи дидори фарзандонаш худро ба чор тараф зада, 70 ҳазор рубл, муодили 1200 доллар ҷамъ карда, ба дасти ин «миёнарав»-ҳо додааст, вале ҳайҳот! Дигар на аз ин «хайрхоҳон» дараке ҳасту на аз ваъдаи онҳо ва на аз пуле, ки бо фиреб аз ин модари тоҷик рӯёнданд.

Нашрия менависад, ҳоло се кӯдаки Дилдорҷон Рашидова, ки аз 9 то 18 сол доранд, бидуни кадом саробони баркамол дар як манзили иҷора дар Екатеринбург зиндагӣ мекунанд вам одари чашм ба роҳи фарзандон – дар шаҳракаи Қарабалиқ дар наздикии марзи Қазоқистон бо Русия. Бо чашми чор ки кадом рӯз дарвозаҳои ин марз ба рӯи ӯ боз хоҳанд шуд.

Акнун дидаи умеди Дилдорҷон Рашидова ба сӯи омбудсмени ҳуқуқи кӯдаки вилояти Свердловск Игор Мороков дӯхта шудааст, ки оё метавонад ба бозгашти ӯ ба пеши фарзандони чашмбароҳаш кумак кунад?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.