Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Диққат! Аз 18-сола боло, ба ваксинатсия

24 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Дар ин бора аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд  барои  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон танҳо бо гирифтани ваксина  ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID-19  эмин нигоҳ дорад.

Боиси зикр аст, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон  ва марҳилаи дуюми  он 25 май  оғоз гардид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.