Диабети қанд. Сабабҳои пайдоиш, паёмад ва роҳҳои пешгириву табобати он

Мусоҳиба бо табиби бахши эндокринологӣ, кардиолог — эҳёгари Бемористони Ибни Сино Диловар Маҳмадёров.

-Диабети қанд чӣ гуна беморӣ аст?

-Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 8-10 дарсад афзоиш меёбанд. Дар ин беморӣ ҳормони “инсулин” ё тавлид намешавад, ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.

Диабет гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаи моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос буда, дар натиҷаи иллати тарашшуҳи нисбӣ ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷа тағйирёбии мубодилаи моддаҳо дар ғадуд ба амал омада, вайроншавии функсияи рагҳо ва торҳои асаб пеш меояд.

Қанди хун дар меъёр аз 3,5 то 5,5 ммол/л-ро ташкил мекунад. Баландшавии сатҳи қанди хунро аз 5,5 то 6,5 ммол/л  пешдиабет меноманд. Дар сурати баланд шудани қанди хун аз 6,6 то 7,0 ммол/л ташхиси бемории диабети қанд гузошта мешавад.

-Дар сурати ба бемории қанд гирифтор шудан чӣ бояд кард?

-Гирифторон аз табобати халқӣ худдорӣ намоянд ва албатта ба пизишкони соҳа (пизишки эндокринолог) муроҷиат намоянд. Барои худи бемор, қабл аз ҳама, риоя кардани парҳез зарур аст. Аз истифодаи худсаронаи дорувориҳо бояд худдорӣ кунанд.

Роҳҳои пешгирии ин беморӣ:

– бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан;

– вазнро муътадил нигоҳ доштан;

– худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва истеъмоли тамоку.

Ба беморони диабети қанд зарур аст:

– доруҳои тавсиянамудаи табибро қабул намоянд;

– аз рӯи маслиҳати табиб реҷаи хӯрокро тағйир диҳанд.

-Сабабҳои пайдоиш ва омилҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ дар чист?

— Сабабҳо ва омилҳои ташаккулёбии бемории диабети қанд хело зиёд аст. Сабабҳои асосии пайдоиши бемории диабети қанд ирс бо изофаи ҳирс мебошанд. Яъне бемории диабети қанд ин бемории генетикӣ аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Ҳолатҳои зиёди стресс, қабули аз меъёр зиёди хӯрок, камҳаракатӣ дар ашхоси гени диабет дошта метавонанд сабаби пайдоиши диабети қанд гарданд.

-Нишонаҳои бемории дибети қанд кадом аст?

-Дар марҳилаи аввали пайдо шудани бемории диабети қанд, ки қанди хуни бемор то 7 — 8 ммол/л боло меравад, ягон аломати хос мушоҳида намешавад. Дар сурати баланд шудани қанди хуни ношто то 9,5-10 ммол/л ва афзоиши он пас аз ду соати қабули хӯрок то 12-13 ммол/л нишонаҳои беморӣ зоҳир мегардад.

Инчунин, дар гурӯҳи бемороне, ки ба диабети қанди навъи якум гирифтор шудаанд, камшавии иштиҳо ва баръакси онҳо дар гурӯҳи беморони диабети қанди навъи дуюм баландшавии иштиҳо ба назар мерасад.

Бинобар ин, зоҳиршавии нишонаҳои бемории диабети қанд ба муддати тӯлонӣ баланд шудани сатҳи қанди хуни бемор вобаста аст.

-Паёмадҳои бемории диабети қанд кадомҳояд?

-Диабети қанд мумкин аст, сабаби ба вуҷуд омадани оризаҳои гуногун гардад. Аксар шахсоне, ки дучори ин беморӣ гардидаанд, бо далели бемориҳои қалбӣ, сактаи мағзӣ ё бемориҳои рагҳои қалбӣ мемиранд. Тағйири шеваи зиндагӣ ва истеъмоли як доруи метформин метавонад назорати диабети қандро сабук кунад ва хатарҳои зикршударо коҳиш диҳад.

-Бемории диабети қанд табобатшаванда аст?

-Бемории диабети қанд бемории табобатшаванда аст. Вале ба пуррагӣ нест намешавад ва он табобати доимиро талаб мекунад.

-Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд чӣ тавр аст?

-Роҳҳои пешгирии бемори диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Агар дар оилаҳое, ки  ба диабети қанд тамоюли авлодӣ доранд,  вазни кӯдак давоми ҳаёт зиёд шавад, бояд ҳатман ба пизишкон муроҷиат намоянд. Дар аввал роҳи пешгирӣ дуруст ба роҳ мондани реҷаи хӯрокхӯрӣ ва варзишҳои сабук ба мисли пиёдагардӣ ва оббозӣ мебошад. Дар сурати танзим накардани вазн ва тамоили қанди хун ба баландшавӣ ба бемор ҳабҳое, ки сатҳи инсулини баданро танзим мекунанд, тавсия дода мешаванд.

-Ташаккур.

-Сарбаланд бошед!

Мусоҳиб

Шервони Умриддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *