Дидори корчабизнес дар Душанбе дастгир шуд

Як сокини шаҳри Душанбе барои машғул шудан ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд аз тарафи мақомоти милитсия дасгир шуд.

Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Слезен Дидор Сорбоновичи 25-сола, сокини кӯчаи Наврӯзи пойтахт ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул буд, кормандони милитсия дастгир карданд. Дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст.

Тибқи иттилои Сироҷиддин Шукуров, сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди предметҳои ба сифати силоҳи сард истифдашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.
Мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.
Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Слезан Дидор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *